Пайвандҳои дастрасӣ

Интишори аввалин гузориши ниҳоди занони СММ, омор ва арқом


Ҳанӯз кишварҳои зиёде ҳастанд, ки занон дар онҳо аз ҳимояти қонун баҳраи чандоне надоранд.

Дар манотиқи гуногуне қонуни табъизомез алайҳи занҳо побарҷост, ҳаққи моликият ба занон дода намешавад ва аз фурсатҳои баробари шуғлӣ дар муқоиса бо мардон баҳра намебаранд.

Ин натоиҷи гузорише аст бо унвони «Пешрафти занони ҷаҳон», ки ниҳоди занони СММ мунташир кардааст.

Гузориши пешрафти занони ҷаҳон, ба гуфтаи гирдоварандагонаш, баррасии дақиқе аст аз вазъияти ҳуқуқи занон дар кишварҳои мухталиф.

МУШКИЛИ ЗАНОНИ ҶАҲОН ЧИСТ?

Дар ин гузориши талош шудааст то бо тамаркуз бар мавзӯъҳои дастрасии занон ба адолат, мавориди мухталифе аз нақзи ҳуқуқи занон дар саросари ҷаҳон намоиш дода шавад, нақзи ҳуқуқе, ки дар хона ва маҳалли кор ва ҳамчунин дар системаи сиёсӣ ва қазоии ҷомеаҳои мухталиф рӯбарӯи занон аст.

Ин гузориши ҷомеъ, ки шомили омор ва арқом ва таҳлилҳост, ба мавориди мусбат ва дар айни ҳол манфӣ ва вазъияти занон дар ҷаҳон пардохтааст.

«Ниҳоди занон»-и СММ, ки як сол аз таъсиси он мегузарад, эълом кардааст дар қарни гузашта пешрафти чашмгире дар ҳавзаи ҳуқуқи занон ба даст омадааст. Дар соли 1911 занон танҳо дар ду кишвар ҳаққи раъй доштанд, дар ҳоле, ки имрӯз ин ҳақ тақрибан ҷаҳонӣ шудааст. Ҳамчунин Конвенисияи манъи табъиз алайҳи занон дар СММ аз тарафи 186 кишвари узви ин созмон имзо шудааст. 139 кишвар дар қонуни асосии худ баробарии ҷинсиятиро қайд кардаанд. Ин омор ва арқом агарчи мусбат аст, аммо дар муқобил худ намунаҳои бисёре дорад, ки талош барои дастёбӣ ба ҳуқуқи баробари занонро ҳамчунон табдил ба авлавият мекунад.

МУШОРИКАТИ СИЁСИИ ЗАНОН ДАР ҶАҲОН

Дар бахше аз гузориши пешрафтҳои занони ҷаҳон ба мавзӯи мушорикати сиёсии занон дар ҷаҳон ишора шудааст. Бино бар ин гузориш, танҳо 19 дарсади парлумонҳои дунёро занон ташкил медиҳанд ва 19 зан ба унвони раҳбари кишвар ё раиси давлат хидмат мекунанд ва 17 дарсад аз вазирон аз миёни занҳо интихоб шудаанд.

Ин гузориш меафзояд, дар кишварҳое, ки мизони мушорикати сиёсии занон афзоиш ёфтааст, ҷомеаҳои ба самти эъмоли қавонин дар ростои ҳуқуқи баробари занон қадамбардоштаанд.

Яке дигар аз намунаҳои вазъияти занон дар дунё, мавзӯи озори ҷинсӣ аст. Ин гузориш бо ишора ба ин, ки 117 кишвари дунё озори ҷинсӣ дар маҳали корро ғайриқонунӣ эълом кардаанд, мегӯяд беш аз 300 миллион зан дар дунё дар ҷомеаҳои зиндагӣ мекунанд, ки қонуне барои ҳимоят аз онҳо дар замина вуҷуд надорад.

Мавзӯи издивоҷи духтарони зери сини қонунӣ низ ҳамчунон падидае аст, ки дар бисёре аз кишварҳо ҳанӯз мояи нигаронии фаъолони ҳуқуқи зан аст. Дар ин кишварҳои тавсеаёфта, як саввуми занон пеш аз 18 солагӣ вориди пайванди заношӯӣ шудаанд.

ХУШУНАТҲОИ ХОНАВОДАГӢ

Дар ҳамин ҳол гузориши ниҳоди занони СММ меафзояд, бино бар таҳқиқоти анҷомшуда, дар 70 кишвари дунё беш аз 60 дарсади занон мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд. Агарчи ду саввум кишварҳои дунё хушунати хонаводагиро ғайриқонунӣ эълом кардаанд, ҳамчунон беш аз 600 миллион зан дар ҷомеаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ҳеҷ ҳимояти қонунӣ надоранд.

Дар ин гузориш яке аз мушкилоти занон «адами гузориши хушунатҳо» унвон шудааст. Адами гузориши хушунатҳои хонаводагӣ алайҳи занон ба далоили мухталиф рух медиҳад: адами эътимод ба дастгоҳҳои қазоӣ, надоштани пул барои ҳазинаҳои парванда, фосилаи зиёд бо додгоҳҳо ва муҳимтар аз ҳамаи инҳо, нигоҳи ҷомеа ба занон ва амри шикоят тавассути онҳо.

Ниҳоди занони СММ бо таваҷҷуҳ ба аввалин гузориши худ аз давлатҳо мехоҳад то дар ҷиҳати тасвиби қавонине гом бардоранд, ки зомини ҳуқуқи занон бошанд ва дар канори роҳҳои пешниҳодии худ, аз давлатҳо хостааст то бар системаҳои қазоие, ки посухгӯи ниёзи занон бошанд, сармоягузорӣ кунанд ва дар ҳамин росто занонро низ аз ҳуқуқи худ огоҳ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG