Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти ногаҳонии раисиҷумҳури Туркманистон


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон

Мардуми Туркманистон ҳанӯз аз таркишҳои ахири шаҳри Ободон ба худ наомада буд, ки раисиҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо изҳороти ғайримуқаррарӣ ба мухолифин муроҷиат ва онҳоро барои иштирок дар интихоботи соли ояндаи президентӣ даъват кард.

Дар изҳороти рӯзи ҷумъа (8-уми июли соли ҷорӣ)-и раҳбари Туркманистон қариб ишорае ба таркишҳои мармузи рӯзи 7-уми июл дар Ободон карда нашуд.
Чунин даъвати ӯ ба оппозитсиюн рӯзе баъд аз таркиш хеле шубҳанок аст...


Ҳарчанд манобеи зиёд ишора доранд, ки таркшиҳои ваҳшатноки анбори силоҳ дар минтақаи начандон дур аз пойтахт -- шаҳри Ашқобод аслан муғойир бо изҳороти расмии ҳукумат аст, ки гуфт, бар асари гармии шадиди ҳаво анбори маводи оташбозӣ ё петарда инфиҷор кардааст.

Хабаргузориҳои ғарбӣ навиштаанд, ки бар асари таркиши шадиди анбори силоҳ, сохтмонҳои воқеъ дар наздикии ин маҳал, аз ҷумла мактаби миёна ва кӯдакистоне оташ гирифтанд.

"АЗ ҲАМКОРӢ БО ОППОЗИТСИЮН НАМЕТАРСЕМ"

Раисиҷумҳури Туркманистон аз мухолифини режимаш даъват кард, то ба кишвари худ омада ва дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли оянда иштирок бикунанд
Дар нишасти ҳайъати ҳукумат, ки шоми ҷумъа телевизиони давлатӣ намоиш дод, Бердимуҳаммадов ногаҳон дар муроҷиат ба мухолифини ҳукумати Туркманистон чунин даъват ба амал овард:
"Мо аз ҳамкорӣ бо онҳое, ки худро оппозитсия мегӯянд, намеҳаросем. Агар нафаре аз мухолифон мехоҳад, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда иштирок кунад, метавонад ба кишвари мо биёяд. Ман, баробар бо ҳама шаҳрвандони Туркманистон, ҳуқуқ ва имконияти ширкат дар интихоботро замонат медиҳам."

Ба қавли онҳое, ки аз табиати сиёсати Бердимуҳаммадов хабар доранд, изҳороти мазкур ногаҳонӣ ва ғайриинтизор буд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соли 2007, пас аз даргузашти диктатори дарозмури Туркманистон -- Сафармурод Ниёзов сари қудрат омад, вале ба ваъдаҳои худ дар робита бо анҷоми ислоҳоти сартосарӣ вафо накард.

"ВУҶУДИ ДУ ҲИЗБ КОФИСТ"

Дар идомаи муроҷиати худ ба мухолифиони Туркманистон ӯ гуфт:
"Мо дар кишвар заминаҳои қонунии низоми бисёрҳизбиро таъсис додем. Аммо мо саросема шуданӣ нестем ва бо роҳи маснӯӣ ҳар гуна ҳизби дигар эҷод намекунем. Мо пайдоиши ҳизбҳои зиёдро дар кишвар ҷонибдорӣ нахоҳем кард. Барои мо вуҷуди ду ҳизб кофист, ки равобити комили миёни ҳукумат ва мардумро таъмин кунанд."

Изҳороти мазкур вокунишҳои мухталифро дар миёни мухолифони режими Бердимуҳаммадов ба миён овард. Аксари раҳбарони мухолифини Туркманистон, ки бисёрашон замоне дар ҳукумати Ниёзов кор кардаанд, дар Аврупову Ғарб маскан гирифтаанд.

Яке аз онҳо собиқ вакили маҷлис Холмурод Суюнов аст. Аз ӯ хостем, то назарашро ба сӯҳбатҳои президенти Туркманистон баён кунад.

НАЗАРИ МУХОЛИФИН

Суюнов: "Ман ба ҳеҷ сурат ин изҳоротро ҷиддӣ қабул намекунам, чунки ба ҳама маълум аст, ки агар маъмурияти Бердимуҳаммадов мехост бо намояндагони мухолифин иртибот дошта бошад, метавонист ин корро кайҳо дар давоми чор соли охир кунад. Ман изҳороти ӯро бевосита бо таркишҳои анбори силоҳ дар Ободон рабт медиҳам."

Озодӣ: Яъне Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки ӯ мехоҳад таваҷҷӯҳро ба дигар масъала бикашад?

Суюнов: "Ба фикри ман, таркиш метавонад як диверсия ё амали харобкоронаи нерӯҳои муайян бошад. Назари шахсии ман ин аст, ки ин амал метавонист як таҳдид ё огаҳие ба Бердимуҳаммадов бошад. Ин метавонад кори дасти низомиён бошад ва ё гурӯҳҳои дигар. Вақт нишон медиҳад, ки кӣ пушти ин кор истодааст. Маълум аст, ки таркиш худ ба худ рух дода наметавонист. Чунин даъвати ӯ ба оппозитсиюн рӯзе баъд аз таркиш хеле шубҳанок аст."

Озодӣ: Шумо ишора кардед, ки эҳтимол ин кори дасти нерӯҳои норозӣ аз ҳукумат бошад. Оё дар дохили кишвар чунин нерӯҳое амалан вуҷуд доранд, ки агар ҳам ба шакли зеризаминӣ ва пинҳонӣ амал мекунанд, аммо фарогир ва хеле фаъол ҳастанд?

Суюнов: "Албатта ҳастанд, барои ҳама режимҳо, ҳатто барои ҳукуматҳои демократӣ мухолифе пайдо мешавад. Туркманистон, ки 20 сол аст ҳуқуқу озодиҳои инсонҳоро поймол мекунад, ҷои гап нест. Ба назари ман, дар давоми ин солҳо гурӯҳҳои зеризаминии сиёсие ташкил шудаанд, ки ҳоло талабҳои худро ба ин шакл мехоҳанд матраҳ кунанд, то ки Бердимуҳаммадов гузашт кунад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳоло оппозитсияи воқеӣ омада бо Бердимуҳаммадов сари мизи гуфтушунид менишинад."

Ҳукумати Ашқобод пайваста барои поймол шудани ҳуқуқи инсон, дар зиндонҳо нигоҳ дошта шудани мухолифону дигарандешон, афроди сиёсии норозӣ аз ҳукумат, адами нашрияҳои мустақил ва мухолифи давлат интиқод мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG