Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии пурхушунате дар ғарби Қазоқистон


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дар як моҷарое бо гурӯҳи мусаллаҳ дар ғарби ин кишвар як афсар кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Қазоқистон мегӯяд, ки дар вилояти ғарбии Оқтеппа нӯҳ мусаллаҳи ҳамлагар дар натиҷаи даргирие кушта шуданд. Ин ҳодиса бахше аз амалиёти нирӯҳои вижа алайҳи гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ дар ин минтақа мебошад, ки ҳанӯз дар оғози моҳи ҷорӣ шурӯъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG