Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судони Ҷанубӣ. Давлати тозабунёд дар харитаи ҷаҳон


Ҷуба, маркази Судони Ҷанубӣ. Сокинони ин давлати тозабунёд истиқлоли кишвари худро таҷлил мекунанд.
Ҷуба, маркази Судони Ҷанубӣ. Сокинони ин давлати тозабунёд истиқлоли кишвари худро таҷлил мекунанд.

Ҳазорҳо сокини Судони Ҷанубӣ аз шаб то субҳ бо рақсу хурсандӣ рӯзи истиқлолияти худро таҷлил карданд.

Дабири кулли ҷашни озодии мардуми Судони Ҷанубӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ройтерз гуфтааст, "имрӯз мо барои пайвастан ба миллатҳои ҷаҳон парчами Судони Ҷанубиро барафроштаем."

Ҷумҳурии Судони Ҷанубӣ давлати ҷавонтарини ҷаҳон шуд, ки пас аз баргузории ҳамапурсии моҳи январ ба истиқлоли худ даст ёфт. Ин ҳосили аслии созишномаи сулҳи соли 2005 аст, ки ба ҷангҳои тӯлонимуддат хотима гузошт.

Парчами Судони Ҷанубӣ
Ҳукумати Судони Шимолӣ дар Хартум, рӯзи ҷумъа нахустин давлате буд, ки истиқлолияти ҳамсояро ба расмият шинохт, ҳарчанд ин чиз замонати амнияти давомдори сиёсиву низомии байни кишварҳоро намедиҳад.

Ба назари таҳлилгарон, ҳамоно хатари бурузи ноамниҳои қавмӣ бар сари захираҳои нафт вуҷуд дорад. Дар маросими таҷлили рӯзи тавлиди кишвари нав дар пойтахти Судони Ҷанубӣ -- шаҳри Ҷубо дабири кулли Созмони Милал, Бан Кӣ Мун низ ширкат дошт.

Нозирони байнулмилалӣ ва дипломатҳо ҳушдор додаанд, ки ҳарчанд Судони Ҷанубӣ истиқлоли худро ба даст овард, вале мушкилоти ҳалнашуда миёни шимол ва ҷануб, бавижа сари манобеи нафтӣ ва марзҳои ду кишвар боқист.

Умар ал-Башир, раисиҷумҳури Судон
Бо ин ҳол, Умар ал-Башир, раисиҷумҳури Судон ба хабарнигорон гуфтааст, авохири рӯзи шанбе дар ҷашни истиқлоли Судони Ҷанубӣ иштирок хоҳад кард.

Вай изҳор дошт, ки "моилам бар омодагии худ барои хамкорӣ бо бародарони ҷанубиам таъкид карда ва иншооллоҳ ба онҳо барои барпоии давлаташон кӯмак кунам. Ин давлати босубот ва тавсеаёфта хоҳад буд."

Ба навиштаи хабаргузори Ройтерз, ҳузури Умар ал-Башир дар ҷашни истиқлоли Судони Ҷанубӣ навъе аз шармсорӣ барои дипломатҳои ғарбӣ аст.

Дар ҳоле ки бино ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Додгоҳи байналмилалии ҷиноёти ҷангӣ раисиҷумҳури Судонро барои содир намдани ҷиноятҳои ҷангӣ дар ин кишвар муттаҳам медонад.
XS
SM
MD
LG