Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Гурҷистон мегӯяд, далелҳои ҷосусии аксбардоронро ба манфиати Русия ошкор карданд


Вазорати умури дохилаи Гурҷистон гуфт, ки се хабарнигори аккос, ки рӯзи панҷшанбе бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуданд, Русияро бо иттилооти махфӣ таъмин мекарданд.

Дар изҳороти имрӯзаи вазораи дохилаи Гурҷистон гуфта мешавад, ки аксбардори оҷонсии European Pressphoto Зураб Куртсикидзе аксҳои ду ҳамкори дигараш бардоштаро ба хадамоти ҷосусии вазорати дифои Русия ирсол мекард.

Куртсикидзе ҳамроҳ бо се ҳамтои дигараш - Иракли Геденидзе аксбрдори хусусии президент Михаил Саакашвилӣ ва ҳамсари аксбардораш Натиа Геденидзе, инчунин аксбардори қарордодии вазорати умури хориҷаи Гурҷистон ва оҷонсии Ассошейтед Пресс Георгий Абаладзе дар боздошт ба сар мебурданд.

Субҳи имрӯз Натиа Геденидзе аз боздошт раҳо шуд. Дар изҳороти полис гуфта мешавад, ки ҷустуҷӯи манзили хабарнигорон нишон дод, ки онҳо нақшаи сохтмони президентӣ, иттило роҷеъ ба ҷаласаҳои президент ва ҳамчунин сафарҳои кории ӯро дар ихтиёр доштаанд.
XS
SM
MD
LG