Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Муассиси бахши занонаи "Ҷамоати таблиғ" дар додгоҳ муҳокима мешавад


Хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли як мақоми додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки парвандаи ҷиноии нафаре, ки дар ташкили гурӯҳи занонаи таблиғотии “Ҷамоати таблиғ” айбдор мешавад, ба додгоҳи шаҳри Сарбанд ирсол шудааст.

Ба қавли додситонӣ, як сокини Қӯрғонтеппа Муродбек Қаландаровро дар узвияти ин созмони мазҳабии мамнӯъ дар солҳои донишҷӯӣ ва баъдан ташкили бахши занонаи ин созмон муттаҳам мекунанд.

Толибшоҳ Азимов, ёвари калони додситони вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки ин нафар ҳанӯз аз курсии донишҷӯиаш дар донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав “ба таври фаъол идеяҳои “Ҷамоати таблиғ”-ро паҳн, дар тамоми ҷаласаҳои он иштирок ва дар саргаҳи ташкили бахши занонаи он бо исми “Мастурот” қарор доштааст”.

Қаландаровро аз рӯи моддаи 307-уми кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне даъватҳои ошкоро ба тағйири сохти конститутсионии кишвар айбдор мекунанд. Созмони мазҳабии “Ҷамоати табдиғ”, ки аз Покистон сарчашма мегирад, аз соли 2006 инҷониб дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG