Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Кӣ Мун ба баргузории интихоботи шаффофу қобили эътимоди Миср даъват кард


Дар мулоқот бо вазири хориҷаи Миср дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун гуфт, ки интихоботи қарибулвуқӯи ин кишвар бояд дар шароити озоду шаффоф ва қобили эътимод баргузор шавад. Дар мулоқот бо вазир Муҳаммал Алорабӣ Бан Кӣ Мун инчунин ба суръат бахшидани кори низоми додгустрии Миср дар заминаи муҷозоти масъулини кушторҳои мардуми осоишта даъват кард. Рӯзи ҷумъа даҳҳо ҳазор сокини Миср дар маркази Қоҳира гирди ҳам омада ба анҷоми босуръати ислоҳот даъват карданд. Интихоботи парлумонии ин кишвар моҳи сентябр дар назар аст. Мулоқоти Бан Кӣ Мун бо вазири мисрӣ дар ҳошияи маросими бахшида ба рӯзи таваллуди давлати Судони Ҷанубӣ дар Ҷубо баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG