Пайвандҳои дастрасӣ

Марди арманитабор барои дуздии пулҳои низоми беҳдоштии Амрико айбдор дониста шуд


Додгоҳи Ню-Йорк як марди арманитаборро барои раҳбарии шабакаи тавсеаёфтаи тақаллубкор ё рекетирӣ айбдор донист. Додгоҳи федеролии Менҳеттен имрӯз Армен Казарянро барои раҳбарии шабаки ҷиноие айбдор донист, ки аз роҳи тақаллуб пулҳои низоми давлатии беҳдоштии Амрикоро тавассути шифохонаву касалхонаҳои маҳаллӣ дар ҳаҷми 163 миллион доллар аз худ кардааст. Додгоҳ ин иттиҳомро бузургтарин намунаи тақаллубкорӣ дар системаи беҳдоштии давлатӣ номидааст. Сокини 47-солаи Калифонияро 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Иҷрои ҳукми ӯ аз таърихи 6 октябр шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG