Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти эътирозгарон дар Малайзия


Полиси Малайзия дасти кам 236 нафарро, ки мехостанд дар як варзишгоҳ барои баргузории намоиши эътирозӣ бо талаби баргузории ислоҳоти интихоботӣ ҷамъ шаванд, дастгир кард.

Полис мегӯяд, ки бо тарси ин ки эътирозҳо ба ноамниҳо нагаравад, эътирозро ғайриқонунӣ эълон кард. Тарафдорони ҳукумат таҳдид карданд, ки намоишҳои эътирозии ҷавобиро ташкил медиҳанд.


Эътирозгарон тарафдори эътилофи аҳзобу созмонҳои мухолифи давлатанд, ки дар интихобот мағлуб шуданд. Онҳо талаб доранд, ки низоми интихоботии кишвар бознигарӣ шавад, то ин ки дар ҷараёни интихобот аз тақаллубу овоздиҳии такрорӣ ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG