Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон бахше аз кӯмакҳои Сандуқи байналмилалии пулро дарёфт кард


Бӯҳрони иқтисодии Юнон боиси сар задани бебандубориҳо шуд
Бӯҳрони иқтисодии Юнон боиси сар задани бебандубориҳо шуд
Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, муштаракан бо Иттиҳодияи Аврупо 3,2 миллиард евроро чун бахше аз кӯмакҳои билофосила ба Юнон ихтисос додааст. Раҳбари нави ин созмони молӣ Кристин Лагард таъкид кард, ки ин иқдом “натиҷаҳои муҳим ба бор хоҳад овард”. Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ки Юнон дар заминаи ислоҳот ба баъзе пешравиҳо даст ёфт ва пешгӯӣ кард, ки то соли оянда вазъи иқтисоди ин кишвар тадриҷан беҳбуд хоҳад ёфт. Бастаи кӯмакҳои молиро дар ҳаҷми 110 миллиард евро Сандуқи асъор ва Иттиҳодияи Аврупо бояд дар давоми се соли наздик ба Атен ихтисос диҳанд.
XS
SM
MD
LG