Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии яке аз чаҳор аксбардорон дар Гурҷистон


Чаҳор аксбардори боздоштшуда
Чаҳор аксбардори боздоштшуда
Полиси Гурҷистон яке аз чаҳор аксбардори бо иттиҳоми ҷосусӣ боздоштшударо озод кард. Дар бораи раҳоии хонум Натия Геденидзе имрӯз сухангӯи вазорати дохилии Гурҷистон хабар дод. Шавҳари ӯ Иракли Геденидзе аксбрдори хусусии президент Михаил Саакашвилӣ аст, ки ҳамоно дар боздошт ба сар мебарад. Дар канори ӯ, аксбардори оҷонсии European Pressphoto Зураб Куртсикидзе ва аксбардори қарордодии вазорати умури хориҷаи Гурҷистон ва оҷонсии Ассошейтед Пресс Георгий Абаладзе дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG