Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафон дар даври 22-юми Лигаи олӣ


Бозиҳои даври 22-юми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 8-9-уми июл баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд ва ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт.

8-уми июл дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе бар тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард.

Қаҳрамони ин дидор Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол") дар ҳарду қисми бозӣ ба дарвозаи “Шодмон” чаҳор гол зада, чуноне дар футбол мегӯянд, “покер” кард.

Ду голи дигари "Истиқлол"-ро капитани даста Юсуф Рабиев дар дақиқаи 25-ум ва Фирӯз Бобиев дар дақиқаи 79-ум ба самар расониданд.

Пас аз он, ки ҳисоб 3:0 ба фоидаи “Истиқлол” буд, Маҳмадсаид Бобомуродов, бозигари “Шодмон” дар дақиқаи 42-юм як гол зад. Вале капитани дастаи “Шодмон”, Рустам Хоҷаев дар дақиқаи 86-уми бозӣ тӯбро аз ҷаримаи 11- метра ба нишон расонда натавонист.

Чаҳор бозии дигари даври 22-юм шоми шанбеи 9-уми июл пойн ёфт.

"Равшан"-и Кулоб дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими мизбон -"Вахш" бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Эраҷ Холов дар дақиқаи 85-ум ба самар расонд.

ССКА "Помир"-и Душанбе дар варзишгоҳи "Политехникум"-и пойтахт бар тими "Хайр"-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи мизбононро капитани даста Обидҷон Исмоилов дар нимаи дуввуми дидор зад.

"Регар -ТадАЗ"-и Турсунзода дар варзишгоҳи "Авиатор"-и Душанбе тими мизбон - "Энергетик"-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Дар ин бозӣ Баҳодур Шарифов, бозигари "Регар ТадаАЗ", дар дақиқаи 18-ум ҳисобро боз намуд. Баъди ду дақиқа Габриел Донто, легионери африқоӣ, ҳисобро баробар кард.Се голи дигари меҳмононро Аскар Равшанов(62), Ҳасан Рустамов(79) ва Раҳматулло Фузайлов(89) дар нимаи дуввуми бозӣ ба ҳадаф расонданд.

"Парвоз"-и Бобоҷон Ғаффуров дар майдони худ- варзишгоҳи "Фурудгоҳ" дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Ҳар се гол дар нимаи дуввуми бозӣ зада шуд. Ду голи мизбононро Алишер Қосимов ва капитани даста Мансур Ҳакимов вориди дарвоза карданд. Як голи меҳмонон ба Евгений Таран мансуб аст.

Ҳоло дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 12-голӣ пешсафанд. Фозил Сатторов ("Равшан"), Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол") ва Мансур Ҳакимов ("Парвоз") 11-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

"Истиқлол"

17

14

1

2

43-11

43

2.

"Равшан"

18

13

2

3

33-11

41

3.

"Регар-ТадАЗ"

18

12

3

3

39-16

39

4.

"Хайр"

18

9

3

6

28-18

30

5.

"Энергетик"

20

9

2

9

30-34

29

6.

ССКА “Помир”

19

9

1

9

32-34

28

7.

"Хуҷанд"

19

7

4

8

25-28

25

8.

арвоз"

20

6

3

11

22-39

21

9.

Вахш"

18

6

1

11

17-21

19

10.

Шодмон”

20

4

2

14

22-45

14

11.

вардия"

19

2

2

15

14-48

8


Бозиҳои мавқуфмонда:

12-уми июл (сешанбе)
“Хайр” - “Истиқлол”(варзишгоҳи "Авиатор"-и Душанбе)
“Регар-ТадАЗ” - “Вахш”(варзишгоҳи "Металлург"-и Турсунзода

15-уми июл (ҷумъа)
“Хайр” - “Равшан”(варзишгоҳи "Хайр"-и Ваҳдат)

Бозиҳо соати 17:30 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG