Пайвандҳои дастрасӣ

53 кушта дар паи суқути ҳавопаймои Конго


Бовар меравад, ки дар суқути ҳавопаймое, ки 112 мусофирро ба фурудгоҳи Кисангании минтақаи шарқи Ҷумҳурии демократии Конго интиқол медод, 53 нафар кушта шуданд. Намояндаи ширкати ҳавоии “Ҳева Бора”, масъули анҷоми ин парвоз мегӯяд, ки эҳтимол дорад шумори қурбониҳои ин фоҷеа боз ҳам афзоиш ёбад. Назар ба иттилои сухангӯи ҳукумат, 40 нафарро гурӯҳи наҷотбахш зинда аз зери овор берун кашиданд. Ҳавопаймоҳои “Ҳева Бора” аз ҷониби Аврупо ба феҳрасти ширкатҳои хатарнок ворид шудааст, ки танҳо бар фарози Конго парвозҳо анҷом медиҳад. Конго дорои нишондодҳои бадтарин аз назари амнияти парвозҳо мебошад.
XS
SM
MD
LG