Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як соли ахир 6 даъвои додгоҳӣ алайҳи 8 расонаи мустақил бо талаби 1 865 000 доллар ҷубронпулӣ сабт шудааст.

НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои Тоҷикистон мегӯяд, чунин бархӯрд мавҷудияту фаъолияти минбаъдаи матбуоти мустақилро зери суол мебарад.

Танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳ ду нашрияи мустақил -- “Миллат” ва “Пайкон”-ро барои нашри матолиби интиқодӣ дар бораи ду идораи давлатӣ, “Тоҷикстандарт” ва Вазорати кишоварзӣ, ба маблағи беш аз 60 ҳазор доллар ҷарима баст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил мегӯяд, ҷаримаҳои комилан номувофиқ ба буҷаи нашрияҳо ва талабҳои батакрори қатъи фаъолият дар ҷараёни баррасиҳои додгоҳӣ, аз афзоиши фишор рӯи хабарнигорон гувоҳӣ медиҳад.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон
Нуриддин Қаршибоев, раҳбариин созмони хабарнигорӣ гуфт, таъқиби додгоҳии журналистҳо ҳам ба обрӯи додгоҳ ва ҳамин тавр ба обрӯи ҳукумати Тоҷикистон латма мезанад.

Дар ҳамин ҳол, Рухшона Олимова, намояндаи Бунёди Сорос дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷаримаҳои бузургҳаҷм дар ҳоле таъйин мешаванд, ки фоидаи нашрияҳо дар баъзе ҳолат хароҷоти ин расонаҳоро пӯшонида наметавонад.

"Дар сурате, ки дар додгоҳҳо расонаҳоро ба маблағи 1 миллион ва аз он зиёд ҷарима мебанданд, ин ба маънии муфлисшавии нашрия ва аз фаъолият бозмондани он мегардад. Нофаҳмие, ки бештар расонаҳоро ба шиддат нигарон кардааст, амалкарди додгоҳҳо аст, ки мехоҳанд, нашрияҳоро аз байн баранд. Ба ин хотир ҳам мо тибқи як барномаи ҷадид як гурӯҳ вакилони мудофеъро ба Киев фиристодем, то таҷриба андӯзанд ва дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз ВАО пуштибонӣ карда тавонанд."


Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, роҳи ягонаи аз байн бурдани фишор ба матбуот, бозбинии мусаввабаи пленуми Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 4-уми июни соли 1992, "дар бораи таҷрибаи судҳо ва қонунгузории ин кишвар дар робита ба ҳифзи шарафу эътибори шаҳрвандон ва ташкилот" мебошад.

Ӯ афзуд: "Ман аз он хушбинам, ки дар ин нишаст намояндаи Додгоҳи олӣ бо мо ҳамфикрӣ нишон дод ва мо дар ояндаи наздик тамоми парвандаҳои марбут ба фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигоронро ҷамъ карда таҷрибаи додгоҳиро низ истифода карда як китоби руйимизӣ мисли таҷрибаи

кишварҳои дигари Осиёи Миёна таҳия мекунем."

"ОЗОДИИ СУХАН БА НАЗАР ГИРИФТА НАМЕШАВАД"

Иноят Иноятов, ки дар бисёр мурофиаҳои додгоҳӣ аз хабарнигорон ҳимоят мекунад, мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон дар масъалаи тартиби пешниҳоди даъво оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ, аз ҷумла ҳаҷми боҷи давлатиро мушаххас пешбинӣ накардааст.

Аз ин рӯ, аз васоити ахбори умум дар додгоҳ боҷҳои давлатии ҳангуфт талаб мекунанд: "Мушкилоти дигар ин аст, ки мақомоти ҳифзи қонун аз давраи тафтишот то баррасии парвандаҳо дар додгоҳ муқаррароти конститутсионӣ оид ба озодии суханро на ҳамеша ба эътибор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки Конститутсия озодии суханро ҳамчун озодии асосии инсон кафолат додааст."

Дар зимн мақомоти давлатӣ низ бозбинӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳои мушаххас ба қонунгузории ҷории Тоҷикистон оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ нисбат ба расонаҳоро як амри зарурӣ медонанд.

НОРӮШАНИҲОИ ҚОНУНИ МАТБУОТ

Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)
Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ин маврид чунин ибрози назар кард: "Воқеан ҳамин номушаххасиҳову норӯшаниҳо дар қонунҳои ҷорӣ, инчунин қонуни матбуот, ҳангоми баррасии парвандаҳо мушкил ба бор меорад. Манзури ман тибқи ин ё он банд ба ҷавобгарӣ кашидану ҷарима бастани Васоити ахбори умум ва рӯзноманигорон аст. Бояд ҳарчӣ зудтар ин норӯшаниҳо ва номукаммалиҳо аз миён бардошта шаванд. Ин ҳам ба фоидаи судҳо ва ҳам ба фоидаи Васоити ахбори омма ва ҳам ҷомеа хоҳад буд."

Баҳсу баррасиҳои намояндагони ВАО бо мақомоти давлатӣ, ба хусус ниҳодҳои додгоҳӣ дар ҳолест, ки пешнависи "Қонун дар бораи ВАО" дар дасти баррасии парлумони ин кишвар қарор дорад. Масъулони парлумон низ мегӯянд, ки лоиҳаи қонуни ҷадид ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ дар заминаи фаъолияти озоди расонаҳо дар ин кишвар аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG