Пайвандҳои дастрасӣ

Як узви мухолифини Русия барои торсакии рӯи шаҳрдоре ба зиндон маҳкум шуд


Виктор Кресс

Виктор Кресс

Додгоҳи Русия як фаъоли мухолифинро барои торсакӣ заданаш ба рӯи шаҳрдори Томск дар Сибир ба дую ним соли зиндон маҳкум кард.

Сергей Зайковро додгоҳ барои ҳамла ба шаҳрдор Виктор Кресс дар ҷараёни суханронии солонаи ӯ айбдор кард. Зайков иддао дорад, ки модаркалони ӯ баъди рейди нирӯҳои амниятӣ дар соли 1999 дар аҳди раҳбарии Кресс ба ҳалокат расид.

Вай инчунин раҳбари ҳукумати минтақавиро барои содир кардани амри лату кӯби ӯ бо чӯби бейсболл масъул медонад. Зайков узви гурӯҳҳои либералии Солидмост ва Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ мебошад. Соли 1993 вай барои лату кӯби намояндаи парлумони маҳаллӣ Степан Сулакшин ба ҳукми шартии зиндон маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG