Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози серҷамъияттарини зиддиҳукуматӣ дар Ҳамои Сурия


Имрӯз даҳҳо ҳазор сокини Сурия барои ширкат дар намоиши эътирозии зидди ҳукумати Башор Асад дар хиёбонҳои шаҳри Ҳамо раҳпаймоӣ карданд. Айни замон, сафирони ИМА ва Фаронса ба хотири намоиши ҳамраъйӣ бо мардум аз шаҳр дидан карданд, ки ин кори онҳо хашми ҳукумати Димишқро ба бор овард.

Ҳоло Ҳамо шоҳиди серҷамъияттарин эътирозҳои зидди ҳукумати Башор Асад аст. Ҳанӯз соли 1982 эътирозҳои Ҳаморо падари президенти кунунӣ шадидан саркӯб карда буд. Боздиди сафири ИМА Роберт Фордро аз Ҳамо мақомоти суриягӣ чун мудохила ба умури ин кишвар маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG