Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии шотокан каратэ дар шаҳри Маскави Русия 21 медал, аз он ҷумла 6 медали тилло, 8 нуқра ва 7 нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Муҳаммад Бодаков, раиси Федератсияи каратэ-доиТоҷикистон, дар ин мусобиқа беш аз ду ҳазор варзишгар аз 30 кишвар ширкат доштанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Неъматҷон Турсунов, Мӯҳсин Раҳматов, Саттор Фаттоҳов, Далер Баротов, Гулосори Сӯҳроб байни наврасону навҷавонон ва Бадриддин Умедов миёни бузургсолон мувофиқи вазни худ ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими духтаронаи Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор гирифт ва бо Ҷоми ҷаҳон мукофотонида шуд. Дастаи ҷавонон ҷойи дуввум ва тими наврасон ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG