Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири пешини "News of the World" боздошт шуд


Энди Колсон
Энди Колсон
Полиси Бритониё имрӯз сардабири собиқи рӯзномаи "News of the World"-ро дар паи моҷарои марбут ба гӯшкунии телефонҳои мардум, ки боиси басташавии ин нашрия шудааст, боздошт кард. Эндӣ Колсон, ки дар гузашта дар дафтари нахуствазир Дейвид Кемерон инчунин масъули равобит бо ҷомеа будааст, ҳоло аз ҷониби дафтари полиси Лондон дастгир шудааст.

Имрӯз нахуствазир Кемерон ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи моҷаро даъват кард ва гуфт, ки ин ҳодиса баёнгари он аст, ки муқаррароти танзими матбуот дар Бритониё кор намекунад ва кори комиссиюни шикоятҳои матбуотӣ ноком шудааст.


Хеле муҳим аст, ки матбуоти мо озод аст. Ин ҷузви ҷудоинопазири демократияи мо ва тарзи зиндагии мо аст. Аммо озодии матбуот маънои онро надорад, ки матбуот бояд аз қонун ҷудо бошад. Бале, дар Бритониё журналистикаи олӣ амал мекунад, вале ҳоло, ба назари ман барои ҳар кас муҳим аст, ки шеваи танзими кори матбуот кор намекунад”.

Рӯзи якшанбе шумораи охирини нашрияи News of the World чоп мешавад, ки 168 сол инҷониб чоп мешуд. Гуноҳи нашрия дар он аст, ки иддао кардааст, ба полис пул дода, сӯҳбатҳо ва паёмҳои телефонии қурбониҳои таркишҳои соли 2005-уми Лондон ва ҳамчунин, аъзои хонаводаи сарбозони дар Ироқу Афғонистон кушташударо гӯш кардааст.
XS
SM
MD
LG