Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақсудҷон Исматов, ки барои қатли яке аз фармондеҳони чечен дар Дубай зиндонӣ шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ҷаноби Исматов ҳамроҳ бо Маҳдӣ Лорниё, як шаҳрванди Эрон дар қатли Сулим Ямадаев дар таърихи 31-уми марти соли 2009 дар Дубай муттаҳам дониста шуда буданд.

Додгоҳи шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Мақсудҷон Исматовро дар ҳамдастӣ ба қатли Сулим Ямадаев, 25 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Маҳдӣ Лорниё низ ба 25-сол зиндон маҳкум шуда буд.

Истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон ба дунболи тақозои бародари Ямадаев сурат гирифтааст, ки аз мақомот хоста буд, ки ҳукми ҳабси абади (25 сол) номбурдаҳоро ба ҷазои дигар иваз намоянд. Ба дунбол додгоҳ ҳукми қатлро аз 25 сол ба се сол коҳиш дода буд.

Бино ба хабарҳо, Мақсудҷон Исматов, аз чандин сол ба ин сӯ, дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ машғули тиҷорат будааст.

Сулим Ямадаев, ки аз мунтақидини раҳбари рӯ ба Маскави Чеченистон -- Рамазон Қодиров маҳсуб мешуд, дар моҳи марти соли 2009 дар натиҷаи як сӯиқасд дар Дубай кушта шуда буд.

Ямадаев ба мисли Қодиров аз фармондеҳони пешини ҷудоиталабони чечен аст, ки баъдан тағйири сангар карда, ба тарафи Русия гузаштанд.

Пулиси Дубай гуфта буд, ки гумонбари дигар дар анҷоми ин сӯиқасд, бо шумули як вакили парлумони Русия, дар пайи қатли Ямадаев аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG