Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти Туркманистон дар робита бо таркиши Ободон


Ҳукумати Туркманистон гуфт, инфиҷори пуриқтидоре, ки рӯзи панҷшанбе дар як захирагоҳи силоҳи шаҳри Ободон рух дод, фақат як таркиш буд, ки дар натиҷаи оташбозӣ дар захирагоҳи петарда ё маводи оташбозӣ рух додааст.

Изҳороти вазорати хориҷаи Туркманистон ҳокист, ки маводи оташбозие, ки дар захирагоҳ маҳфуз будааст, “бар асари гармии шадиди ҳаво инфиҷор кард”, вале дар ин ҳодиса ҳеҷ кас ва ё сохтмоне осеб надид. Изҳороти мазкур хилофи гузоришҳо дар бораи он аст, ки таркиш дар як захирагоҳи силоҳи низомӣ рух додааст.

Тибқи ин гузоришҳо, бар асари таркиш манзилҳои воқеъ дар маҳалҳои ҳамсоя хароб шуда, сокинони маҳаллӣ ба ҷойҳои амн кӯч дода шуданд. Ҳанӯз имкони таъйиди ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Ободон дар 20-километрии пойтахт, шаҳри Ашқобод ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG