Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав консерти гурӯҳи "Парем" баргузор мешавад


Parem
Parem
Рӯзи 24 июл дар шаҳри Маскав (дар клуби “Б2”) консерти ҳунармандони гурӯҳи маъруфи “Парем” баргузор мешавад. Ин дастаи ҳунарӣ умед дорад, ки дар баробари сокинони пойтахти Русия, ҳамватанони онҳо, ки бо кору машғулиятҳои худ дар Маскав ба сар мебаранд, дар консерти онҳо иштирок хоҳанд кард.

“Парем” 18 сол пеш дар Душанбе бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони ҳунарманд ташкил шуда, таронаҳои худро ғолибан дар равияи мусиқии “Рок-н-роли Шарқӣ” эҷод мекунад.

Ин гурӯҳ оҳангҳои худро бештар ба забони тоҷикӣ ва инчунин ба забонҳои русиву англисӣ низ иҷро мекунад.

Худи ҳунармандон мегӯянд, ки ба пайравӣ аз ҳунармандони шинохтаи ғарбии мисли The Beatles, Queen, Elvis, Chuck Berry, James Brown ва инчунин овозхонҳои маҳбуби тоҷик Далер Назаров, Олег Фезов ва Муборакшо оҳанг эҷод мекунанд.

Таронаҳои “Медонӣ ё не”, “Гули ман” , “Омадаст”, “Танҳо дар ёд”, “Ай гулак” аз маъруфтарин оҳангҳои ин гурӯҳ ба шумор мераванд. Масъулини ин дастаи ҳунарӣ умед доранд, ки консерти онҳо дар Маскав “яке аз маъракаҳои муҳим барои тоҷикистониёни маҳаллӣ хоҳад шуд”.
XS
SM
MD
LG