Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиши пуриқтидоре дар кишвари бастаи Осиёи Марказӣ


Таркиши пуриқтидоре дар як захирагоҳи силоҳи шаҳри Ободони Туркманистон боиси кушта шудани одамон ва хисороти зиёди молӣ шуд.

Хабарнигори оҷонсии fergananews.com мегӯяд, ки бовар меравад, даҳҳо афроди мулкиву низомӣ қурбони ин таркиш шудаанд. Бино ба хабарҳо, таркиш манзилҳои воқеъ дар ҳамсоямаҳалҳоро осеб расондааст.

Шоҳидон мегӯянд, ки дар маҳалли ҳодиса низомиён, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти оташнишонӣ ҳузур доранд ва сокинони маҳалҳои атроф ба ҷойҳои амн кӯч дода мешаванд.

Ободон дар бисткилометрии ғарби пойтахт, шаҳри Ашқобод ҷойгир аст. Ҳанӯз шумори дақиқи қурбониҳои ин ҳодиса мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG