Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон аксбардоронро дар ҷосусӣ муттаҳам мекунад


Сухангӯи президенти Гурҷистон гуфт, ки чаҳор аксбардори боздоштшудаи гурҷӣ ҷузве аз як шабакаи ҷосусӣ мебошанд. Сухангӯи Михаил Саакашвилӣ гуфт, ки боздошти хабарнигорони аксбардор бо кори журналистии онҳо ҳеҷ умумияте надорад.

Хабарнигорони рӯзи панҷшанбе боздоштшуда барои ҷосусӣ ба фоидаи кадом давлати хориҷӣ муттаҳам мешаванд, ҳарчанд ҳукумати Тифлис аз бурдани номи давлати мушшаххас худдорӣ мекунад.

Дар миёни боздоштшудаҳо, Зураб Куртсикидзе, аксбардори оҷонсии European Pressphoto, аккоси озод Гергий Абдаладзе, аксбардори хусусии Саакашвилӣ Ираклӣ Геденидзе ва ҳамсараш Натиа Геденидзе, ки ҳамчунин аксбардор аст, мебошанд. Хабарнигори Ассошейтед Пресс Шах Айвазов, ки ҳамчунин дирӯз дастгир шуд, баъди муддате озод гардид.
XS
SM
MD
LG