Пайвандҳои дастрасӣ

Гирдиҳамоии мардум дар майдони Таҳрири Қоҳира


Имрӯз ҳазорҳо сокини Миср дар майдони марказии Таҳрири Қоҳира барои ширкат дар раҳпаймоӣ гирди ҳам омаданд. Талаби онҳо суръат бахшидани ислоҳоти сиёсӣ аз ҷониби шӯрои низомии кишвар аст.

Мақомоти полис гуфтанд, ки ба раҳпаймоии мардумӣ дахолат нахоҳанд кард. Ҳукумат ҳушдор додааст, ки гирдиҳамоии мардум бояд сулҳомез ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунатҳои ҳамсони оғози ҳафтаи ҷорӣ, ки дар миёни эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ сар зад, баргузор шавад.

Яке аз тақозоҳои мардум ин аст, ки додгоҳҳои низомии афроди мулкӣ хотима ёфта мақомоти собиқи кишвар ба таври одилонаву шаффоф муҳокима шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG