Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки Ҷопон ба рушди соҳаи тамокупарварӣ дар Панҷакент


Хабаргузории “Азия-Плюс” мегӯяд, як ширкати ҷопонӣ барои рушди соҳаи тамокупарварӣ дар ноҳияи Панҷакент 300 ҳазор доллар кӯмак ихтисос медиҳад.

“Ҷапан табак интернешинал ЛТД”-ро чун яке аз ширкатҳои пештози тавлидкунандаи тамоку дар ҷаҳон мешиносанд. Тибқи қарордоди мазкур, маблағи ихтисосёфта барои тавсеаи майдонҳои кишти тамоку, пардохти харҷи маводи сӯхт ва дигар эҳтиёҷот равона хоҳад шуд.

Имсол, назар ба соли гузашта дар ноҳияи Панҷакент майдони кишти тамоку аз 100 гектари порсола ба 250 гектар тавсеа дода шуд. Кишоварзон умед доранд, ки ҳосили имсолаи тамоку то 500 тонна мерасад, менависад хабаргузории “Азия-Плюс”.
XS
SM
MD
LG