Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар даври 11-уми сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт ва чаҳор бозӣ мусовӣ шуд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Рашт» - «Вахши зарнисор» - 1:3, «Ҷавонон» - «Пахтакор» - 2:2, «Данғара» - «Румӣ» -2:2, «Саройкамар» - «Ситора» - 0:0, «Кӯктош» - «Ҳулбук» - 1:1, «Ҳосилот» - «Сабо» - 0:1.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Вишгард»-и ноҳияи Файзобод барои дар се бозӣ ширкат накардан аз мусобиқа хориҷ гашт ва натоиҷи бозиҳои ин даста бо рақибонаш аз эътибор соқит шуд.

“Ҳосилот”-и Фархор, ки дар даври гузашта аввалин бор шикаст хӯрд, бо 23 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Зарафшон”-и Панҷакент ва “Ҳулбук”-и Восеъ бо 20-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуввуму севум ҷойгир шудаанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) ва Абдуҳалим Боронов (“Румӣ”) бо 9-голӣ пешсафанд. Аслиддин Ҷабборов (“Пахтакор”) бо 8 гол дар ҷойи севум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳосилот” (Фархор) 10 7 2 1 16-5 23
2. «Зарафшон» (Панҷакент) 9 6 2 1 18-10 20
3. «Ҳулбук” (Восеъ) 11 5 5 1 23-11 20
4. «Саройкамар» (Панҷ) 9 5 3 1 16-7 18
5. «Сабо» (Шаҳринав) 9 5 2 2 19-9 17
6. «Пахтакор” (Қубодиён) 9 4 3 2 19-13 15
7. «Ситора» (Рӯдакӣ) 10 4 3 3 13-8 15
8. «Данғара» (Данғара) 9 3 3 3 11-9 12
9. «Вахши зарнисор» (Вахш) 9 3 3 3 16-17 12
10. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 9 2 2 5 9-15 8
11. “Локомотив” (Душанбе) 10 2 2 6 5-17 8
12. “Румӣ” (Румӣ) 8 2 1 5 15-16 7
13. “Ҷавонон” (Турсунзода) 8 1 1 6 6-22 4
14. “Рашт” (Рашт) 9 0 0 9 1-27 0

Бозиҳои даври 13-ум

10-уми июл (якшанбе)
«Ҳулбук» - «Ҳосилот»
«Ситора» - «Кӯктош»
«Румӣ» - «Саройкамар»
«Пахтакор» - «Данғара»
«Вахши зарнисор» - «Ҷавонон»
«Зарафшон» - «Рашт»

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG