Пайвандҳои дастрасӣ

Маллен Эронро дар ирсоли силоҳ ба Ироқ айбдор кард


Як афсари баландпояи Иёлоти Муттаҳида гуфт, Эрон бо таҳкими пуштибонияш аз ситезаҷӯёни шиъа дар Ироқ, ба онҳо таслиҳоти пешрафта мефиристад. Адмирал Майк Маллен гуфт, Эрон дар соли 2008 тасмим гирифта буд, ки ҳимояташро аз ҷиноҳҳои шиъаи Ироқ коҳиш медиҳад, аммо ҳоло ба фаъолияти хеш дар Ироқ афзудааст. Вай илова кард, ки акнун Эрон ба ситезаҷӯёни Ироқ, ки нерӯҳои Амрикоро ҳадаф мегиранд, навтарин анвои аслиҳа, аз ҷумла таҷҳизоти партоби мушак ва гулӯлаҳои зиреҳшикан медиҳад. Муллен афзуд, ҳама гуна созиши минбаъдаи амниятӣ бо Ироқ дар бобати ҳузури Амрико бояд таҳдиди Эронро дар назар дошта бошад.
XS
SM
MD
LG