Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии гуфтушуниди Обама ва сарони Конгресс сари буҷа


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама ва қонунгузорони аршади Амрико дар масъалаи буҷаи давлатӣ ба созиш нарасиданд ва тасмим гирфтанд, барои пешгирӣ аз дефолти қарз музокиротро дар рӯзҳои охири ҳафта идома диҳанд. Обама гуфт, назари демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар бисёре аз масъалаҳои марбути буҷа аз ҳамдигар хеле дур аст. Вай афзуд, ба хотири мардуми Иёлоти Муттаҳида тарафҳо бояд иқдоми дурут кунанд. Обама ва сарони Конгресс ҳадаф доранд, ба коҳиши 3 ё 4 триллион доллар дар буҷа даст ёбанд. Ҳоло буҷаи Иёлоти Муттаҳида ба 1,5 триллион доллар каср рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG