Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши анбори бузурги аслиҳа дар Туркманистон


Як анбори бузурги аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ дар шаҳри Ободони Туркманистон мунфаҷир шуд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, аз ин таркиш хонаҳои атрофи анбор тахриб шудаанд. Таркишҳои хурд то чанд соат идома карданд ва маъмурони амниятӣ ба кӯчондани аҳолӣ аз маҳалли воқеа маҷбур шуданд. Шаҳри Ободон дар 20-километрии ғарби пойтахти Туркманистон, Ишқобод, ҷойгир аст. Аз талафоти ҷонӣ низ хабар расидааст, аммо шумораҳо маълум нест ва сабабҳои инфиҷор низ норӯшан боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG