Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) аз Тоҷикистон хост, хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ Урунбой Усмоновро озод кунад. Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, Дуня Миятович гуфт, ҳанӯз ҳам интизори посухи мақомоти Тоҷикистон ба номааш аст, ки рӯзи 16-уми июн ба номи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ фиристода буд. Усмонов, ки даҳ соли охир хабарнигори Бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ будааст, рӯзи 13-уми июн бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави мазҳабӣ боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG