Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии буҷа дар дидори Обама бо сарони Конгресс


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз дар мулоқот бо сарони аҳзоби Ҷумҳурихоҳ ва Демократ буҷаи давлатиро баҳс хоҳад кард. Ду тараф дар масъалаи коҳиши харҷ бо мақсади поин овардани қарзи афзояндаи кишвар тафовути зиёд надоранд. Созиш ба Конгресс имкон медиҳад, ҳадди болоии қарзро то баҳам хӯрдани тавони қарзгирии мамлакат дар 2-вуми август ба 14, 3 триллион доллар расонад. Бино ба гуфтаи мақомоти Ҳизби демократ, Обама ба созиши бузургтар талош хоҳад кард, ки тавонад ба ҳифзи 4 триллион доллар, яъне ду баробари бастаи феълӣ даст ёбад.
XS
SM
MD
LG