Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“News of the World”. Моҷарои охирини "ҷӯяндаи моҷароҳо"


Моҷарои бузург ба умри 168-солаи машҳуртарин ҳафтаномаи ҳангомҷӯи бритониёӣ хотима гузошт.

Ҳафтаномаи “News of the World” ё “Навгониҳои ҷаҳон” рӯзи якшанбе охирин шумораашро нашр хоҳад кард ва бо ҳамин ба мавҷудияти хеш хотима хоҳад гузошт. “Марги зудҳангом”-и рӯзномаи “кӯчабоғӣ” зимни иттиҳоми дуздии иттилоъ аз телефон ва паёмгирҳои ҳазорон нафар аз қурбониёни ҷиноятҳо, сарбозони кушташуда ва афроди дигар дар ҷустуҷӯи хабарҳои “доғ” ва пурмоҷаро даррасидааст.

Нашрияи пурхонандаи 168-сола дар сабқати дарёфти “сенсатсияҳо” аз пой дарафтод. Дар як шабонарӯзи гузашта даҳҳо сиёсатмадор ва фарҳангиён онро ба истифода аз роҳкорҳои бадахлоқона айбдор карданд ва ширкатҳои зиёде шитобкорона огаҳиҳои худро аз сафҳаҳои он бардоштанд. Ҳафтаномаи машҳур дар байни чанд соат шармсор ва бадном гашт.

Соҳибимтиёзи нашрия сарватманди австралиёӣ Руперт Мердок аст ва раҳбари шабакаи расонаҳои ӯ дар Британия, писараш Ҷеймс Мердок иттиҳомоти ахирро “такондиҳанда ва амиқан таассуфангез” номид. Сарвазири Британия, Дейвид Камерон фаротар рафт ва ҳодисаро “мутлақан нафратангез” унвон кард.
Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии SKY News Ҷеймс Мердок изҳори таассуф кард, ки афроди муайяне аз “меъёрҳои хуби журнализм” берун рафтаанд.

“Ин иттиҳомот такондиҳанда ва амиқан таассуфангезанд ва эҳсоси умумӣ дар дохили ширкати мо ҳамин аст ва на танҳо аксари журналистони он, балки ҳамаи журналистони он, ки дар сартосари ҷаҳон барои корпоратсияи хабар кор мекунанд, воқеан ва дар ҳақиқат ба кори худ бовар доранд ва онҳо кори хуберо бо машаққат ба хотири хонандагони худ анҷом медоданд.”

Иттиҳомоти роҳёфти дуздонаи кормандони “Навгониҳои ҷаҳон” ба телефонҳои шахсии одамон ба соли 2000 бармегардад. Он вақт хабарнигоронро айбдор мекарданд, ки ба хотири дастёфт ба маълумоти дастнорас ба паёмгири оилае пайваст шудаанд, ки духтари мактабхонашон нопадид ва бенишон гашта буд. Айни чунин амал дар нисбати чанд шахси маҳшур, қурбониёни аъмоли ҷиноӣ, хонадони салтанатӣ ва сиёсатмадорон ба вуқӯъ пайвастааст.

Аз он вақт то ҳоло полис номи 4 000 нафарро, ки ҳадафи ин сирқат қарор ёфтаанд, тафтиш кард.
Нашрия, ки ҳафтае як бор рӯзи якшанбе наздик ба 3 миллион нусха ба чоп мерасид, иқрор кард, ки кормандонаш паёмгири телефонҳои афроди муайянеро тахриб кардаанд. Таҳқиқи ҷиноӣ дар соли 2007 бо ҳукми ҳабси як хабарнигор ва як корогоҳи хусусии истихдомкардаи нашрия ба поён расид.

Моҷарои рӯзҳои охир ва ҷӯшишҳои иҷтимоӣ дар заминаи хабарҳое ба вуқӯъ пайваст, ки кормандони ҳафтанома ба телефони қурбонии 13-солаи куштор Миллӣ Доулер роҳ ёфтанд ва бо пахши иттилоъ аз он полисро саргум кардаву аҳли оиларо бо дурӯғ умедвори он карданд, ки гӯё Миллӣ ҳанӯз зиндааст. Инчунин сабтҳое аз телефони узви хонаводаи сарбозоне мунташир гашт, ки дар Ироқ ва Афғонистон кушта шудаанд.

Ин ҷо мардум даст ба амал заданд. Номаи интернетии алайҳи ҳафтаномаро дар интернет садҳо ҳазор нафар аз бритониёҳо имзо карданд.
Греҳем Фолкс, ки писараш дар бомбгузории 7 июли соли 2005 дар метрои Лондон кушта шудааст, ба хабарнигорон гуфт, полис шумораи телефони ӯро аз феҳрасте пайдо кардааст, ки ҳафтанома ба тахрибгарони паёмгирҳо додааст.

Сиёсатмадорони бритониёӣ мегӯянд, шикасти нашрияи Мердок баёнгари “нерӯи мардум” ва “пирӯзии ҷомеа дар ҳифзи шараф” аст. Маҳз эътирози ҷомеа аъзои порлумони Бритониё ва ҳукумати онро маҷбур кард, ба қазия ҷиддан расидагӣ кунанд.

Собиқ ноиби сарвазири Бритониё, Ҷон Прескот, шеваҳои кори хабарнигорони нашрияро “аъмоли ҷиноӣ” номид ва гуфт: “Аз ҳама бадтаринаш даст андохтан ба хазинаи телефони онҳоест, ки даргузаштаанд, дасткории далелҳо ва иттилоъст. Ин ҷинояти кабира аст, ки мардум ба он нафрат доранд ва танаффури худро ба гунаҳкорон, махсусан кормандони нашрияи “Навгониҳои ҷаҳон” дар ин маврид баён медоранд.”

Мишел Стейнстрит аз Иттиҳоди миллии журналистони Бритониё гуфт, эълони баста шудани нашрия “як такони боварнакарданӣ” буд, аммо соҳибони кор мебоист ба ҷои бидуни шуғл боқӣ гузоштани журналистони қаторӣ, раҳбари нашрия дар соли 2000-2003, Ребека Брукро ба ҷазо мекашиданд, ки мазҳ дар давраи ӯ ин аъмоли ҷиддӣ иттифоқ афтод.

Яке аз кормандони “Навгониҳои ҷаҳон” ба хабаргузории “Ройтерз” гуфт, ки “кормандон аслан чунин қадамро интизор надоштанд. Ҳеҷ нишонае падидор набуд. Мо фикр мекардем, ки аз ин моҷаро ҳам хоҳем гузашт.”

Сарвазири Бритониё, Дейвид Камерон, ҳанӯз пеш аз эълони баста шудани ҳафтанома дар порлумони кишвараш ба таҳқиқи чандгонаи моҷаро даъват ва аз нашрия интиқод кард, ки ин аъмоли хешро пас аз парвандаи ҷиноии қаблӣ низ идома додааст.

Вай ҳамчунин гуфт, як бознигарие ба “рафтори афроди алоҳида ва расонаҳои ҳамагонии алоҳида” ва “шеваи кору ахлоқи матбуот дар ин кишвар” зарур ва муҳим шудааст.
XS
SM
MD
LG