Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО куштори ғайринизомиёни афғонро эътироф кард


Нируҳои зери фармондеҳии НАТО дар Афғонистон мегӯянд, ки онҳо ноогоҳона дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавоӣ дар авоили ҳафтаи ҷорӣ шаҳрвандони ғайринизомиро куштаанд. Ин нируҳо гуфтаанд, ҳамчунин ба куштори ду шаҳрванд дар як ҳамлаи дигар расидагӣ анҷом медиҳанд. Сухангӯи Нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ гуфт, ҳамлаи ҳавоӣ дар вулусволии Шамоли вилояти Хуст шаби сешанбе анҷом гирифтааст ва дар баробари “чанд” шӯришӣ “шуморе аз аъзои хонаводаҳо” низ кушта шудаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ин ҳамла бештар аз 11 нафар кушта шудаанд ва мардум ба ғазаб омада ба эътироз баромадаанд. Рӯзи чаҳоршанбе дар Ғазнӣ низ баъд аз куштори ду чӯпони ҷавон дар ҳамлаи ҳавоии НАТО садҳо нафар ба тазоҳуроти эътирозӣ даст заданд.
XS
SM
MD
LG