Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтаанд, дар ҳамлаи ҳавоӣ 13 кас кушта шудаанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар ҳамлаи ҳавоии имрӯзи нируҳои НАТО дар вилояти Хусти ин кишвар тақрибан 13 нафар шаҳрвандони мулкӣ кушта шудаанд. Муҳаммад Зазай-раиси полиси вилояти Хуст гуфт, дар ҳамла ба як хонаи зист субҳи имрӯз 8 зан, 4 кӯдак ва як мард кушта шудаанд. Сухангӯи волии вилоят куштори шаҳрвандонро таъйид кард, вале аз додани ҷузъиёт худдорӣ варзид.
XS
SM
MD
LG