Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Сино мурофиаи Сафаралӣ Санговро ба таъхир андохт


Хешовандони Сангов дар мурофиаи додгоҳӣ дар ноҳияи Сино
Хешовандони Сангов дар мурофиаи додгоҳӣ дар ноҳияи Сино
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пас аз чанд даври мурофиаи додгоҳӣ расидагӣ ба парвандаи куштори Санговро мавқуф гузошт. Хонаводаи Сафаралӣ Сангов мегӯяд, додгоҳ тасмим гирифтааст, ки бо ширкати гурӯҳи нави бозрасон ва шоҳидони нав ба ҳолатҳои куштори Сангов расидагии дубора сурат бигирад. Аъзои хонаводаи Сангов гуфтаанд, ки аз шоҳидони нави ташхиси тиббӣ касеро намешиносанд ва барояшон маълум нест, ки ташхис дар кадом мӯҳлат ва бо ширкати киҳо гузаронида хоҳад шуд. Муҳаббат Юлдошева-пизишк ва ягона шоҳиди ташхиси тиббии бадани Сафаралӣ Сангов, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ иштирок карда ва ба саволҳои додгустар бо далелҳои қотеъ аз нуқтаи назари тиббӣ посух дода буд, дар рӯйихати нави шоҳидони ташхисгари такрорӣ номнавис нашудааст. Сафаралӣ Сангов якуми марти соли ҷорӣ баъд аз боздошти хушунатбор бо аломатҳои лату кӯби шадид ба бемористони Қарияи Боло интиқол ёфт ва дар ҳоли беҳушӣ дар ҳамон ҷо ҷон дод. Табибони бемористон таъйид карданд, ки Санговро кормандони пулис ба бемористон овардаанд
XS
SM
MD
LG