Пайвандҳои дастрасӣ

Корпартоӣ дар Узенмунайгаз истихроҷи нафтро коҳиш додааст


Эътисоб дар Узенмунайгаз

Эътисоб дар Узенмунайгаз

Ширкати нафту гази Қазоқистон бо номи Казмунайгаз гуфтааст, идомаи корпартоӣ дар яке аз чоҳҳои нафт ба коҳиши истихроҷи нафт дар соли ҷорӣ сабаб шудааст. Ин ширкат дар изҳороте гуфтааст, дар ним соли аввали соли ҷорӣ истихроҷи нафти хом ба 6 311 тон баробар будааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 дарсад камтар мебошад. Коргарон афзоиши дастмузд ва беҳбуди шароити кории худро тақозо мекунанд. Аз моҳи май ба ин су эътисоб дар ширкати Узенмунайгаз идома дорад ва ин ширкат мегӯяд, ҳавои номусоиди соли ҷорӣ дар моҳҳои март ва апрел низ ба коҳиши истихроҷи нафт таъсир доштааст.
XS
SM
MD
LG