Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари нодурусти даргузашти президенти пешини Чин


Сарбози чинӣ дар назди акси Зианг Земин
Сарбози чинӣ дар назди акси Зианг Земин
Имрӯз Чин гузоришҳоро дар бораи даргузашти Зианг Земин-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар рад кард. Ин дар ҳолест, ки телевизиони Ҳонг Конг эълон кардааст, ки Зианг Земин даргузаштааст. Синхуа-хабаргузории давлатии Чин ин хабарро такзиб кардааст ва гуфтааст, ки Зианг Земини 84 сола то ҳол дар ҳаёти сисёсии ин кишвар дасти қаввӣ дорад. Саломатии Зианг хуб нест ва баъд аз як ҳамлаи қалбӣ вай дар бемористони низомии Пекин муолиҷа мегирад. Имрӯз телевизиони Ҳонг Конг барои пахши чунин хабар расман узрхоҳӣ кард.
XS
SM
MD
LG