Пайвандҳои дастрасӣ

Бозтоби ҳузури низомии абарқудратҳо дар Тоҷикистон дар меҳвари матолиби бархе аз нашрияҳо қарор гирифтааст.

"Имрӯз нюс" ба баррасии ҳузури низомии Амрико дар Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон пардохта ва дар матлаби «Пойгоҳи низомӣ: аз бӯсаи Раҷабов ба байрақи Амрико то «дилзанак»-и русӣ хабари марбут ба фаъолияти ширкати муҳандисӣ - сохтмонӣ ва яке аз таъминкунандаи пешбари Артиши Амрикоро ба чолиш кашидааст.

Нашрияи "Имрӯз нюс"
Ба навиштаи ин нашрия ин ширкат дар тендер оид ба бунёди пойгоҳҳои низомӣ дар 20 кишвари ҷаҳон ғолиб омадааст, ки маблағи умумии тендер 3,8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Интизор меравад, қисме аз ин маблағ барои бунёди пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон масраф шавад, ки то се соли оянда бояд амалӣ гардад. Нашрия ба ин бовар аст, ки «ҳанӯз ин хабар дастраси расонаҳои Русия нест, вале мутмаинан ин хабар ҷомеаи ин кишварро ба «таркиш» меорад». Зеро ба таъкиди нашрия «дар чанд рӯзи гузашта бархе таҳлилгарони рус ба Кремл ҳушдор додаанд, ки агар президент Медведев дар ҷараёни сафари худ ба Душанбе, ки қарор аст моҳи сентябри соли равон сурат гирад, дар мулоқот бо президент Раҳмон ин масъаларо ба нафъи Кремл ба охир нарасонад, ҳузури оянда ва давомдори Русия дар Тоҷикистон зери суол меравад.»





"МО НАБОЯД СИЁҲУ САФЕД БОШЕМ"

Воҳидхон Қосиддинов: "Тоҷикистон бояд мавқеи худро тавре муайян намояд, ки ба фоидаи миллат бошад."
"Наҷот" бо ишора ба ҳузури абарқудратҳо дар Тоҷикистон суоли «Тоҷикистон дар робита ба Русия стратегияи худро дигар кунад ё канори он қарор гирад?» - ро дар пурсиш бо чанд тан аз коршиносон матраҳ кардааст. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфтааст, «дар замони ҳозира он абарқудратҳое, ки дар атрофи мо ҳастанд ва он шароите, ки мо дорем ҳеҷ имкон намедиҳад, ки мо аз ҷумлаи сиёсатмадорони «сиёҳу сафед» бошем.» Аммо Воҳидхон Қосиддинов, муовини раиси ҲНИТ бар ин назар аст, ки «Тоҷикистон бояд мавқеи худро тавре муайян намояд, ки ба фоидаи миллат бошад.» Вай афзудааст, «фикр мекунам, ки пеш аз ҳама барои Тоҷикистон бозингари хуб будан фоидаовар аст.» Сиёсатшинос Исмоил Раҳматов, мегӯяд, «ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба Русия вобаста аст. Феълан муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд солона 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон мефиристанд. Дар чунин ҳол тасаввур кунед, ки агар мо ба рақиби Русия табдил ёбем ё аз шарики стратегӣ будани Русия даст кашем, вазъияти кишвар чӣ мешавад?"

КӢ БОЯД АФВ ШАВАД?

Нашрияи "Миллат"
"Миллат" бо ишора ба хабари марбут ба ин ки ҳукумат дар остонаи 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар талоши таҳияи тарҳи қонуни афв аст, ин суолро матраҳ кардааст, ки «Кӣ бояд афв шавад?» Таърихшинос Нуралӣ Давлат, бар ин назар аст, ки «ин афв бояд воқеан тиллоӣ бошад ва аз тамоми афвҳое, ки то ин дам буд, фарқ кунад. Яъне онҳое, ки мавҷудияташон барои ҷомеа хатар надорад, озод шаванд. Ҷаноби Давлат мавриди афв қарор гирфтани бархе аз шахсиятҳо, назири Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро баъид дониста ва сабабро чунин шарҳ додааст, «мо як ҷомеаи суннатии шарқӣ ҳастем, ки дар он афв кардани рақибони сиёсӣ маъмул нашудаааст. Аммо Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ ба ин бовар аст, ки «Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва дигарон дар ин авф наафтанд ҳам, дигар қисмати моддаҳои ҷиноии онҳо сабуктар мешавад, шояд мӯҳлаташон ҳам кам карда мешавад. Озод кардани онҳо дар ин шабу рӯз ба манфиати ҳукумат нест, зеро дар остонаи ду маъракаи муҳим қарор дорем, яке ҷашни истиқлол ва дигар иинтихоботи президентӣ аст, ки соли оянда сурат мегирад».

КОМУННИСТҲО ДАР РӮ БА РӮИ ИНТИХОБИ РАҲБАРИ ХУД

"Озодагон" таҳлилеро дар мавриди фаъолияити азҳоби сиёсӣ зери сарлавҳаи «Ҳизбҳои сиёсӣ раҳбарони худро иваз мекунанд?»
Як фурӯшанда ба муаллифи ин матлаб гуфтааст, ки «тамоми китобҳои кӯҳнаеро, ки ба як сомонӣ фурӯхта наметавонист, алъон ба қимати чор - панҷ сомонӣ ба мансабдорон фурӯхтааст...

мунташир кардааст. Муаллифи ин матлаб бо ишора ба баргузороии анҷумани навбатии ҲКТ, дар мақоми раҳбарии ин ҳизб боқӣ мондани Шодӣ Шабдоловро ба баррасӣ гирфтааст. Ҷаноби Шабдолов, ки аз соли 1991 раёсати ҲКТ-ро бар дӯш дорад, «эҳтимоли бознигарӣ гардидани раҳбарияти коммунистонро ба иродаи сиёсии вакилон марбут дониста ва гуфтааст, ки дар сурати интихоб нагардидан ҳатман аз баҳри раҳбарии ин ҳизб мегузарад.»
Ба навиштаи муаллиф, «анҷумани ҲНИТ дар моҳи сентябр дар назар аст ва яке аз мавзӯъҳо интихоби раҳбарияти нави ҳизб аст.» Аммо муаллиф аз қавли масъулони ҲХДТ навиштаст, ки «анҷумани навбатии ин ҳизб соли 2013 қабл аз интихоботи раиси ҷумҳур баргузор хоҳад шуд, ки дар он масъалаи маҳдуд кардани мӯҳлати раҳбарии ҳизб матраҳ нест.»

ҚИССАИ ҶАМЪОВАРИИ КИТОБҲО

"Озодагон"
дар матлаби дигар, ки «Сенсатсия» ном дорад, дастури ахир дар бораи ҷамъоварии китоб барои Китобхонаи нави миллиро ба баҳс кашидааст. Нашрия навиштааст, ки «мансабдорон супориш гирифтаанд, ки чандтоӣ китоб аз хонаҳояшон барои пур кардани китобхонаи тозабунёди миллӣ биёранд. Чун онҳо бист сол вақти худро сарфи ҷамъ намудани ашёи қиматбаҳо кардаанд, шояд дар хонаашон китоб надошта бошанд, ки рӯ ба дӯконҳои китобфурӯшӣ, дақиқтараш ба дӯконҳои «букинист» овардаанд.» Ба таъкиди нашрия аз ин дастур бархе аз фурӯшандаҳои китоб фоида ҳам дидааанд. Зеро як нафар фурӯшанда ба муаллифи ин матлаб гуфтааст, ки тамоми китобҳои кӯҳнаеро, ки ба як сомонӣ фурӯхта наметавонист, алъон ба қимати чор - панҷ сомонӣ ба мансабдорон фурӯхтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG