Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хишти аввали таълимгоҳи низомӣ дар Қаратоғ гузошта шуд


Кеннет Гросс
Кеннет Гросс
Имрӯз Кеннет Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон ва генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ -фармондеҳи горди милии Тоҷикистон нахустин хиштро дар сохтмони таълимгоҳи низомӣ дар Қаратоғи Тоҷикистон гузоштанд. Оқои Гросс дар маросими гузоштани хишти аввал гуфт:

“ Ин лоиҳа аз тарафи фармондеҳии марказии Амрико ва ширкати муҳандисони артиши Амрико амалӣ шудааст. Маркази таълимии Қаратоғ як қисми ҳамкории зичи мо бо ҳукумати Тоҷикистон мебошад”.

Фармондеҳиии миллии Амрико барои сохтмони ин таълимгоҳи тирандозӣ 3,1 миллион доллар дар марҳалаи аввал ихтисос додааст. Ин маркази таълимӣ дар Қаратоғ бунёд меёбад ва он аз таълимгоҳи ронандагӣ, тирандозӣ аз аслиҳаи пиёданизому таппонча ва манора барои омӯзиши баромадани фаромадан бо ресмон иборат хоҳад буд. Ба гуфтаи генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, марҳалаи аввали сохтмони ин таълимгоҳ моҳи сентябр ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG