Пайвандҳои дастрасӣ

То ҳанӯз макони буду боши Сафармад Рустамов, мулаққаб ба "Кабуд" барои наздиконаш маълум нест.

Нурулло Рустамов, бародари ӯ мегӯяд, ҳафтае пеш бародарашро чанд тан аз намояндагони мақомоти интизомӣ боздошт карда, ба Душанбе бурданд, вале аз он рӯз то кунун телефони мобилии бародараш
Сафармад Рустамов, мулаққаб ба “Кабуд” чанд соли ахир сарварии “Ориёнбонк” дар ноҳияи Мӯъминободро ба ӯҳда дошт. Ӯро аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” дар минтақаи Кӯлоб медонистанд...

хомӯш буда, аз ӯ ҳеҷ хабаре нест.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб бидуни ифшои ном гуфт, Сафармад Рустамов, воқеан аз ҷониби маъмурони амниятии марказӣ боздошт шудааст ва ӯ бо чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла моддаи 186, яъне ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, муттаҳам мешавад.

Аммо Нурулло Рустамов мегӯяд, бародараш ба корҳои оддии рӯзгор банд буда, даъвои ҳеҷ мақоми баланде надошт ва ӯ дар рафтори бародараш ягон амалеро надидааст, ки боис ба боздошти ӯ шуда бошад.

Нурулло Рустамов, бародари Сафармад Рустамов, раҳбари шӯъбаи "Ориёнбонк" дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон
Рустамов мегӯяд: "Ҳоло ба кӯча бароед ва аз ҳамаи сокинону раҳгузарон бипурсед, ки бародари ман чӣ гуна одам буд. Ӯ фақат барои мардум некӣ мекард. Аммо ман ба қонунҳои Тоҷикистон ва адолат бовар дорам. Бовар дорам, ки ба бародарам ҳеҷ осеб намерасад, зеро ӯ ягон гуноҳ надорад."

"ВАЙ ҲАДАФҲОИ СИЁСӢ НАДОШТ..."


Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки Рустамов дар пайи ҳангомаҳои ахири марбут ба бозии футболи дастаи “Равшан” боздошт шуда бошад. Ӯ мегӯяд, пас аз бозии дастаи “Истиқлол” ва “Равшан, ки дар Кӯлоб бетартибӣ рух дод сару садо атрофи номи ӯ бештар шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳангомаҳои ахир дар атрофи дастаи футболи “Равшан” сиёсӣ шуд ва мақомот барои тарс додан бояд нафари маъруферо боздошт мекарданд.

Ӯ афзуд: “Ҳоло фақат дар атрофи номи ӯ овоза аст, ки гӯиё фанатҳои футболро маблағгузорӣ мекардааст. Ман ӯро ҳамчун як соҳибкор хуб мешиносам ва ҳаминро гуфтаниам, ки ӯ ҳеҷ хоҳиши ба бетартибӣ даст задани мухлисони футболро надошт. Ин корро нафароне мекунанд, ки ҳадафи сиёсӣ доранд. Лек «Кабуд» соҳибкор буд ва ҳеҷ ҳадафи сиёсӣ надошт. Сокинони Кӯлоб кӯмакҳои ӯро дар офати табии ин шаҳр, сохтани роҳи оҳан, ҳадяи бино ба маркази фарҳангии ҷавонон ва чанд бозори навро хуб дар хотир доранд. Боздошти чунин нафарон, ки миёни омма маъруф ҳастанд, ҳеҷ манфиате надорад.”

Ин дар ҳоле, ки Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдори Кӯлоб тайи як ҳафтаи ахир чанд бор бо раисиҷумҳур мулоқот карда, сӯҳбатҳои телефонӣ низ анҷом додааст, ки дар он гуфтугӯҳо мавзӯи беназмиҳои Кӯлоб дар моҳи июн низ матраҳ будааст.

АЗ АФРОДИ НАЗДИК БА АСАДУЛЛОЗОДА

Озар Исоев, муовини додситони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, дар миёни 16 нафаре, ки барои даст задан ба бетартибӣ парванда боз шудааст, исми Сафармад Рустамов вуҷуд надорад ва онҳо аз боздошти ӯ ҳеҷ хабаре надоранд. Ба гуфтаи ӯ, дар бетартибиҳои Кӯлоб 16 нафар гумонбар дониста мешавад, ки феълан чаҳор нафари онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Сафармад Рустамов, маъруф бо лақаби “Кабуд” чанд соли ахир сарварии “Ориёнбонк” дар ноҳияи Мӯъминободро ба ӯҳда дошт. Ӯро аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” дар минтақаи Кӯлоб медонистанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG