Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси дубораи парвандаи Сафаралӣ Сангов


Марҳум Сафаралӣ Сангов
Марҳум Сафаралӣ Сангов

Додгоҳи ноҳияи Сино пас аз чанд мурофиаи додгоҳӣ баррасии парвандаи куштори Санговро мавқуф гузошт.

Хонаводаи Сафаралӣ Сангов мегӯянд, бинобар қарори додгоҳ ташхиси дигарбораи куштори ӯ бо иштироки гурӯҳи нав, яъне шоҳидони нав гузаронида мешавад.

Қарор аст ин гурӯҳ тамоми нишондодҳоеро, ки дар ташхиси қаблӣ зикр шудаанд, мавриди санҷиш қарор диҳад. Хонаводаи Сафаралӣ Сангов мегӯяд, ки онҳо аз шоҳидони нави ташхиси тиббӣ касеро намешиносанд ва намедонанд, ки ташхис дар кадом мӯҳлат ва бо иштироки киҳо гузаронида хоҳад шуд.

Наздикони Сафаралӣ Сангов дар мурофиаи додгоҳӣ
Муҳаббат Юлдошева, пизишк ва ягона шоҳиди ташхиси қаблии Сафаралӣ Сангов, ки дар мурофиаҳои додгоҳи иштирок карда ва ба саволҳои додгустар бо далелҳои қотеъ аз нуқтаи назари тиббӣ посух дода буд, дар рӯйихати нави шоҳидони ташхисгари такрорӣ номнавис нашудааст.

Ахиран додгоҳ хонум Юлдошеваро расман огаҳ кард, ки номи ӯ дигар дар рӯйихати шоҳидон нест. Муҳаббат Юлдошева аз ибтидои ин қазия ҳамчун шоҳид муаррифӣ шуд ва борҳо гуфта буд, ки ташхиси тиббӣ бо иштироки ӯ аломатҳои зарбу лат дар ҷисми Санговро исбот мекунад.

Дар ҳоле ки додгоҳ барои мӯшикофона баррасӣ кардани парванда гурӯҳи нави шоҳидони ташхисро бидуни ширкати хонум Юлдошева созмон медиҳад, ҳимоятгари хонаводаи Сангов дар мурофиаи ахир гуфтааст, ки ташхиси эксперименталӣ дар дохили бинои Шӯъбаи корҳои дохилии Сино, яъне дар утоқ ва роҳраве, ки Сангов сарозер шуда ва гӯиё боис ба марги ӯ гардидааст, анҷом дода шавад.

Сафаралӣ Сангов рӯзи якуми марти соли ҷорӣ дар пайи як боздошти хушунатбор бо аломатҳои лату кӯби шадид ба бемористони Қарияи Боло интиқол ёфт ва дар ҳоли беҳушӣ дар ҳамон ҷо аз дунё даргузашт. Ходимони бемористон ин ки Санговро кормандони пулис ба бемористон овардаанд, таъйид кардаанд.

Ин ҳодисаи хушунатбор ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва параванда фавран мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифт.

Муҳокимаи парвандаи куштори Сангов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00
Линки мустақим


Дар оғоз ходимони пулиси "Сино-1" барои худкушӣ қаламдод кардани ин ҳодиса талош карданд. Вале бинобар дахолати Додситонии кул бархӯрд ба ин ҳодиса ҷиддитар шуд ва ниҳоят парванда ба додгоҳ интиқол ёфт.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандон аз шеваи бархӯрди пулис ба боздоштшудаҳо ва ё навҳаи боздоштҳои ғайриқонунии онҳо бо шумули истифода аз зӯр шикоят мекунанд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ бо хабарнигори "Озодӣ" гуфта буд, ки вақтҳои охир шикояти шаҳрвандон оид ба рафтори кормандони пулис ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳо зиёд шудааст ва ҳатто далелҳои тасдиқшаванда ҳам дарёфт шудаанд.
XS
SM
MD
LG