Пайвандҳои дастрасӣ

4 медали варзишгарони тоҷик дар бозиҳои вижаи Афина


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, варзишгарони Тоҷикистон дар бозиҳои вижаи тобистонии олимпӣ дар Афина 4 медал ба даст овардаанд. Дилбар Шарипова-раиси бозиҳои вижаи олимпии миллии Тоҷикистон гуфтааст, варзишгарони тоҷик дар дав ба масофаи 100 метр ва ҷаҳидан ба дарозӣ ду медали тилло ва як медали нуқра барои дав ба масофаи 100 метр ва як медали биринҷии дигар барои дав ба масофаи 200 метр ба даст овардаанд. Ин бозиҳо аз 25 июн то 4 июл дар Афина баргузор шуд ва дар он шогирдони мактабҳои махсус ва парваришгоҳҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG