Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Немтсов дар Русия мамнуъулхуруҷ эълон шуд


Борис Немтсов
Борис Немтсов
Борис Немтсов-шахсияти машҳури мухолифони Русия гуфт, бо вуҷуди ин ки вай дар Русия барои шаш моҳ мамнуъулхуруҷ эълон шудааст, ба кишвраш бармегардад. Вай ин нуктаро дар Страсбург рӯзи чаҳоршанбе изҳор дошт. Вай дар он ҷо дар як маҷмаъи демократия ширкат меварзад. Рӯзи чаҳоршанбе вакили мудофеи Немтсов гуфтааст, ки барои вай дар Русия маҳдудияти сафар ҷорӣ кардаанд. Ба бовари Немтсов, нахуствазир Владимир Путин барои ташкили Парнас ё Ҳизби Мардумии Озодихоҳ дар Русия аз вай қасос мегирад. Моҳи гузашта вазорати адлия ин ҳизбро сабти ном накард.
XS
SM
MD
LG