Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба куштори 2 ғайринизомӣ расидагӣ мекунад


Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, онҳо ба шикоят дар ин бора, ки дар як амалиёти ҳавоии ин нируҳо дар вилояти Ғазнӣ ду ғайринизомӣ кушта шудаанд, расидагӣ анҷом медиҳанд. Ин изҳорот замоне пахш шуд, ки рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Ғазнӣ садҳо нафар гирдиҳам омаданд ва эътироз карданд, ки ду чӯпони ҷавон ҳамон рӯз дар ҳамлаи ҳавоии нируҳои хориҷӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG