Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби санади ҳимоят аз демоктарияи Беларус дар Амрико


Маҷлиси Намояндагони Амрико ба ҷонибдорӣ аз пешнависи қонуне дар бораи ҳимоят аз демократия ва ҳуқуқи инсон дар Беларус рай дод. Ин қонун Санади Демократия ва Ҳуқуқи Инсон дар Беларус дар соли 2011 ном дорад. Ин санад раҳоии ҳамаи зиндониёни сиёсиро тақозо кардааст ва хостааст, ки натиҷаҳои интихоботи порламонии моҳи декабри соли гузашта эътироф нашавад, зеро он моломол аз тақаллуб будааст. Санади мазкур дар ҳоле дар Маҷлиси Намояндагони Амрико ба тасвиб расид, ки фаъолони ҳуқуқи башар дар Беларус мегӯянд, мақомоти интизомии кишварашон барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозии мухолифон дар Минск рӯзи чаҳоршанбе дастикам 100 нафарро боздошт кардаанд ва 140 нафари дигар барои ширкат дар эътирозҳои авоили ҳафта маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG