Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева аз имкони мухолифати интихоботӣ ҳушдор дод


Роза Отунбоева
Роза Отунбоева
Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон аз намояндагони порламони кишвараш дархост кард, ки ба таври фаврӣ тағирот дар ҳайати Кумиссиюни Марказии Интихоботии Қирғизистонро баррасӣ кунанд. Отунбоева имрӯз дар изҳороте гуфт, тасмими моҳи гузаштаи порламон дар бораи радди номзадии ду нафар ба узвият дар Кумиссиюни Марказии Интихоботӣ ба қонун дар бораи интихобот муғоират дорад. Отунбоева 4 нафарро ба узвият дар ин ниҳоди 12 нафарии интихоботӣ пешниҳод карда буд ва намояндагон 2 нафари онҳоро напазируфтанд. Отунбоева ҳамчунин ҳушдор дод, ки ҳар гуна номуайянӣ дар ин кумиссиюн метавонад баъд аз интихоботи моҳи октябр шикоятҳои қонуниро ба бор орад. Қарор аст дар ин интихобот шахси дигаре ба ҷои Роза Отунбоева раиси ҷумҳур интихоб шавад.
XS
SM
MD
LG