Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конвенсиюни Кейптаун ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?


Ширкати "Сомон Эйр" аз пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсиюни Кейптаун истиқбол кард.

Масъулони ин ширкат гуфтаанд, ки узвият дар ин Конвенсиюн роҳро барои ҳалли бисёр мушкилот дар фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, аз ҷумла сармоягузорӣ ва тазмини ҳуқуқи
Ба эътиқоди коршиносон узвият дар ин Конвенсиюн ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон имкон медиҳад, на танҳо ҳавопаймоҳои сохти русиро бихаранд, балки бо ширкатҳои бузурги ҳавопаймосоз, назири Боинг ҳамкорӣ кунанд...

ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар арсаи байналмилалиро ҳамвор хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон одатан аз лизинг истифода карда, ҳавопаймоҳои ширкатҳои дигарро барои истифода иҷора мегиранд.

Ин Конвенсиюн дар ҳамоҳангсозии ҳуқуқи фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо ду роҳ таъсир мегузорад: якум, барои номнавис кардани дороиҳои ширкат, хариду фурӯши ҳавопаймоҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, дастгоҳҳои лозим барои бахши ҳавопаймоӣ ва ҳамчунин истифода аз лизинг ва дуввум, ҳуқуқи ширкатҳои ҳавопаймоиро бо кафолати давлат дар хариду фурӯш таъмин мекунад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим



"ИҶОРАПУЛӢ КАМ МЕШАВАД..."

Ба гуфтаи Ҷамшед Ниёзов, аз саридораи ҳавонавардии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин Конвенсиюн ва протоколи он риски сармоягузорӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоиро кам мекунад.

Вай мегӯяд, маънии ин Конвенсиюн кафолат ё тазмини давлат дар харидани ҳавопаймо, қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳо аст. Давлате, ки узви ин конвенсиюн мешавад, худаш тазмин ё кафолати пардохти пули ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба давлату дигар аз ширкатҳоро медиҳад.

Ҷаноби Ниёзов аҳамияти дигари ин конвесиюн барои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро чунин тавзеҳ дод: "Вақте давлат кафил мешавад, ширкатҳое, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии мо ҳавопаймо ё дигар анвоъ мефурӯшанд, риск ё хатари муомилоташ кам мешавад ва аз сӯи дигар қимати ин муомилот низ арзон тамом мешавад. Агар ширкати мо ҳавопайморо иҷора гирад, иҷорапулиаш низ кам мешавад. Зеро кафил дар пардохти ин пул давлат ба ҳисоб меравад, на ширкат."

КОРШИНОСОН: "МУФИД АСТ"
Системаи ҳавопаймоии Тоҷикистон бозмонда аз даврони Шӯравии пешин аст, ки куллия хадамоти он аз ҳавопаймо гирифта то фурудгоҳу хадамот барои мусофирон ба ҳамон шева фаъолият мекунад...


Бар иловаи ин сабукиҳо Конвенсиюни Кейптаун протокол низ дорад. Ҷамшед Ниёзов, аз саридораи ҳавонарвардии шаҳрвандии Вазорати нақлиёт дар бораи ин протокол мегӯяд: "Дар конвенсия дастгоҳҳо ва мошинҳои нақлиётӣ гуфта шудааст. Ба ин далел протоколи иловагӣ ташкил шуд, ки дар он хариду фурӯши қисмҳо, дастгоҳҳо, ҳавопаймо, мотори ҳавопаймоҳо низ шомил шудааст."

Ба гуфтаи таҳлилгарон, узвият дар ин Конвенсияюн барои Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки дар ин авохир ба хариди ҳавопаймоҳои Боинги сохти амрикоӣ рӯ оварданд, хеле муфид аст.

РОҲ БА СӮИ ШИРКАТҲОИ ҒАРБӢ

Зеро бидуни узвият дар ин Конвенсиюн хариди ҳавопаймо, қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои замонавӣ барои ширкатҳои Тоҷикистон мушкил буд. Гузашта аз ин ба эътиқоди ҳамин коршиносон узвият дар ин Конвенсиюн ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон имкон медиҳад, на танҳо ҳавопаймоҳои сохти русиро бихаранд, балки бо ширкатҳои бузурги ҳавопаймосоз, назири Боинг, Эйр Бас ҳамкорӣ кунанду аз таъсири Русия дар мавриди ҳалли мушкилоти ҳавопаймоӣ бениёз шаванд.

Ин дар ҳолест, ки системаи ҳавопаймоии Тоҷикистон бозмонда аз даврони Шӯравии пешин аст, ки куллия хадамоти он аз ҳавопаймо гирифта то фурудгоҳу хадамот барои мусофирон ба ҳамон шева фаъолият мекунад.

Танҳо дар чанд соли ахир ду ширкати мустақили ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" арзи вуҷуд карда ва то ҷое аз ҳавопаймоҳои сохти ғарбӣ, назири Боинг истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG