Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран бо кӯмаки пулиси вилояти Иркутск 5 шаҳрванди Тоҷикистон аз ғуломии як ширкат озод шудаанд.

Онҳо бидуни қарордод бо соҳиби ин ширкат вориди гуфтугӯ шудаанд ва корҳои вайро анҷом медоданд.

Баъд аз муддате онҳо аз корфармои худ дастмуздашонро тақозо мекунанд, вале корфармо дастмузди онҳоро намедиҳад ва баръакс
Мутаассифона, аскар шаҳрвандони мо омада бо гап, даст ба даст дода кор мекунанд. Дар чунин ҳолат мо наметавонем ба онҳо ягон кӯмак расонем...

тӯҳмат мекунад, ки онҳо чорвои ӯро дуздидаанд.

Дар як гуфтугӯ бо Ҳилолиддин Ширинов, соҳибкори тоҷик дар Иркутск, ки дар раҳоии ин шаҳрвандони Тоҷикистон аз ғуломӣ кӯмак кардааст, ҷузъиёти ин қазияро пурсидем.

Ҳилолиддин Ширинов: Аввал як нафар омадааст дар фермаи гову мол кор кардааст. Пас аз чанд муддати кораш дар ҳамон ферма боз чаҳор нафар барои кор лозим шудаанд. Ба Тоҷикистон занг зада ва чаҳор нафари дигарро даъват кардааст. Омада якуним моҳ кор кардаанд. Соҳиби ферма ба бачаҳо пул надодааст ва баҳона кардааст, ки пул надорад. Ғайр аз ин, онҳоро тӯҳмат кардааст, ки чаҳор сар гови ӯро дуздидаанд. Бо ҳамин тӯҳмати ногаҳонӣ, ки чаҳор сар гови ман гум шуд, соҳибкор шиносномаи бачаҳоро гирифта, онҳоро дар ҷои махсус маҳкам кардааст. Онҳоро нагузоштааст, ки аз маҳалли ҳамон фирма берун бароянд. Ба онҳо таҳдид карда ва гуфтааст, ки агар касе барои раҳо кардани Шумо меояд ё кӯмак мекунад, ман аз силоҳ оташ мекушоям.

Озодӣ: Пас, Шумо аз ин ҳодиса чӣ гуна огаҳӣ ёфтед?

Ҳилолиддин Ширинов: Ба воситаи телефон. Як нафари онҳо шумораи телефони маро аз куҷое пайдо карда, аз ҳамон ҷое, ки онҳоро маҳкам карда буданд, ба ман SMS фиристод. Ман ин SMS-и шаҳрванди Тоҷикистонро хонда, ба ҳамон шумора занг задам. Мо ба воситаи телефон бо якдигар занг задем. Ҳамаи воқеаро гуфтанд.

Озодӣ: Оё онҳо худашон ба пулиси Иркутск муроҷиат карданд ё ин ташаббуси Шумо буд?

Ҳилолиддин Ширинов: Ин ташуббуси ман буд. Ман ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Иркутск муроҷиат кардам ва гуфтам, ки шаҳрвандони кишвари моро мисли ғулом ҳабс кардаанд. Онҳо ба ман пешниҳод карданд, ки аз номи Шумо ба мо як ариза лозим аст, ки мо аз рӯи он шаҳрвандони шуморо озод кунем. Ман ариза навиштам. Бо ҳамин аризаи ман аз тарафи кормандони ГУВД-и вилояти Иркутск нерӯҳои интизомӣ равон карда шуд ва мо шаҳрвандони Тоҷикистонро халос кардем. Дар ҳақиқат, мо агар аз рӯи инсонгарӣ гап занем, кормандони вилояти дохилии Русия дар шаҳри Иркутск воқеан ҳам ба мо кӯмак карданд.

Озодӣ: Ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки акнун озод шудаанд, ҳоло дар куҷо ҳастанд?

Ҳилолиддин Ширинов: Ин бачаҳо озод шудаанд ва ман онҳоро дар як хона бурда ҷо кардам. То ҳол онҳо на хӯрду хӯрок доштанд ва на ҷои хобу чизи дигар. Мо онҳоро бо хӯрду хӯрок таъмин кардем. Ҳоло баъд аз ин воқеа як-ду рӯзе истироҳат мекунанд.

Озодӣ: Оё пуле, ки онҳо дар ҳамон ферма кор кардаанд, ба воситаи органҳои интизомии вилоят баргардонида мешавад?

Ҳилолиддин Ширинов: Пули онҳоро намедиҳанд, барои он ки дар ягон ҷо сабти ном нашудаанд ва қарордоди корӣ ҳам бо ин ферма надоранд. Барои ҳамин гуфта наметавонем, ки онҳо кор карданд ё кор накарданд, ё чӣ қадар кор карданд.

Озодӣ: Хулосаи худи шумо чӣ аст, ки ин бачаҳо дар чунин шароит кор карданд ва акнун ба нокомӣ рӯ ба рӯ шудаанд?

Ҳилолиддин Ширинов: Ман доимо дар тамоми маҷлисҳо аз ҳамватанонамон даъват мекунам, ҳатто илтимос мекунам, ки дар куҷое, ки кор кардед, тибқи қонун шартнома бандед, дигар ҳуҷҷатҳоро дуруст кунед, ки тоҷикон барои шумо шуда дар ягон ҷо гап нашунаванд. Бояд нишон диҳед, ки шаҳрвандони мо аз рӯи қонун дар ин ҷо кор мекунанд. Лекин афсӯс, ки аскарияти шаҳрвандони мо омада бо гап, даст ба даст дода кор мекунанд. Дар чунин ҳолат мо наметавонем ба онҳо ягон кӯмак расонем. Мо ҳоло ба ин панҷ нафар нагуфтаем, ки мехоҳанд ин ҷо истанд ё мехоҳанд ба хонаҳояшон баргарданд. Агар гӯянд, ки ба хона меравем, кӯмак мекунем, ки бираванд. Агар гӯянд, ки ҳамин ҷо мемонанд, кӯмак мекунем, ки дар ягон ҷои дигар кор ёбанду кор кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG