Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Барак Обама: "Биёед, мушкилотро бо ҳам "твит" кунем!"


Обама дар ҷараёни гуфтугӯ
Обама дар ҷараёни гуфтугӯ

Раисиҷумҳури Амрико аз тариқи шабакаи Твиттер мулоқоти зиндаеро бо шаҳрвандони кишвараш анҷом дод.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама аз тариқи шабакаи Твиттер як соат ба таври зинда ба пурсишҳои шаҳрвандон посух дод. Дар ҳоле ки ба сурати умум 170 000 суолу дархост ба ӯ ирсол шуда буд, вай интихобан ба 18 суол ҷавоб дод, аммо пеш аз нишастан паси ройона ё компютер гуфт, ӯ дар таърихи Амрико аввалин президенте мешавад, ки зинда дар Твиттер гуфтугӯ кардааст.

Сипас, Обама гуфтугӯро бо "твит" ё номаи аввал шурӯъ кард. Шабакаи интернетии Твиттер як микроблог аст, ки дар сафҳаи он паёме бузургтар аз 140 аломат навиштан номумкин аст. Обама навишт: "Бо мақсади коҳиши каср Шумо кадом хароҷотро қатъ ва кадом сармоягузориро ҳифз мекунед?"

Ин суол хамирмояи гуфтугӯи раисиҷумҳури Амрикоро бо шаҳрвандонаш ташкил дод. Ин буд, ки бахши умдаи пурсишҳо ба вазъи иқтисодӣ, чораҳои коҳиши харҷ ва ноомодагии аъзои Конгресс ба боло бурдани ҳадди аксари имкони қарзгирии Иёлоти Муттаҳида бахшида шуданд.

Гуфтугӯ дар ҳоле ҷараён ёфт, ки қарор аст, Обама, инчунин имрӯз дар мулоқот бо сарони аҳзоби Ҷумҳурихоҳ ва Демократ буҷаи давлатиро баҳс хоҳад кард. Ду тараф дар масъалаи коҳиши харҷ бо мақсади поин овардани қарзи афзояндаи кишвар тафовути зиёд надоранд, аммо шеваи иҷрои ин барномаро ба таври гуногун матраҳ мекунанд. Чунончӣ, демократҳо тарафдори афзоиши андоз аз қишрҳои сарватманди кишваранд, вале ҷумҳурихоҳон ба коҳиши хароҷоти иҷтимоӣ бартарӣ медиҳанд.

Созиш ба Конгресс имкон медиҳад, ҳадди болоии қарзро то баҳам хӯрдани тавони қарзгирии мамлакат дар 2-вуми август ба 14, 3 триллион доллар расонад. Бино ба мақомоти Ҳизби демократ, Обама ба созиши бузургтар талош хоҳад кард, ки тавонад ба ҳифзи 4 триллион доллар, яъне ду баробари бастаи феълӣ даст ёбад.

Агар ҳадди олии имкони қарзгирии Амрико аз тарафи Конгресс боло бурда нашавад, Вошингтон бо мушкили пардохти қарзҳои пешинаи хеш рӯбарӯ хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG