Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯи зиндаи президент Обама аз тариқи шабакаи Twitter


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама аз тариқи шабакаи Твиттер як соат ба таври зинда ба пурсишҳои шаҳрвандон посух дод. Дар ҳоле ки ба сурати умум 170 000 суолу дархост ба ӯ ирсол шуда буд, вай интихобан ба 18 суол ҷавоб дод, аммо пеш аз нишастан паси ройона ё компютер гуфт, ӯ дар таърихи Амрико аввалин президенте мешавад, ки зинда дар Твиттер гуфтугӯ кардааст.

Бахши умдаи пурсишҳо ба вазъи иқтисодӣ, чораҳои коҳиши харҷ ва ноомодагии аъзои Конгресс ба боло бурдани ҳадди аксари имкони қарзгирии Иёлоти Муттаҳида бахшида шуданд. Обама, инчунин имрӯз дар мулоқот бо сарони аҳзоби Ҷумҳурихоҳ ва Демократ буҷаи давлатиро баҳс хоҳад кард. Ду тараф дар масъалаи коҳиши харҷ бо мақсади поин овардани қарзи афзояндаи кишвар тафовути зиёд надоранд. Созиш ба Конгресс имкон медиҳад, ҳадди болоии қарзро то баҳам хӯрдани тавони қарзгирии мамлакат дар 2-вуми август ба 14, 3 триллион доллар расонад. Бино ба мақомоти Ҳизби демократ, Обама ба созиши бузургтар талош хоҳад кард, ки тавонад ба ҳифзи 4 триллион доллар, яъне ду баробари бастаи феълӣ даст ёбад. Агар ҳадди олии имкони қарзгирии Амрико аз тарафи Конгресс боло бурда нашавад, Вошингтон бо мушкили пардохти қарзҳои пешинаи хеш рӯбарӯ хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG